16:00 26 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Праздничные мероприятия в Душанбе по случаю 24-ой годовщины независимости Таджикистана

Шамъи хотира: дар Тоҷикистон 70-солагии ҳофизи зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддинро таҷлил мекунанд

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
129 0 0

Имрӯз, 2 феврал агар умр вафо мекард, овозхони хушсадо Тоҷиддин Муҳиддин 70-сола мешуд

ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон аз ҳофизи зиндаёд Тоҷиддин Муҳиддин ёд мекунанд. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз дар ҳалқаи дӯстону наздикону ҳаводоронаш 70-солагии баҳори умрашро таҷлил мекард.

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон,  имрӯз соати 10:00 дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор маҳфили ëдбуди яке аз асосгузорони санъати эстрадии тоҷик, собиқ солисти оркестри эстрадии "Гулшан", Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов доир мегардад.

"Маҳфили ёдбуд таҳти унвони "Шамъи хотира" баргузор гардида, ба 70-солагии ин овозхони маҳбуб бахшида мешавад", - гуфта мешавад дар иттилои манбъ.

Дар назар аст, ки дар маҳфил ҳунармандони маъруфи кишвар, ҳамкорон, наздикону пайвандон, ҳаводорони сурудҳои шодравон Тоҷиддин Муҳиддинов ва ансамбли рақсии "Зебо" иштирок намоянд.

Мавзӯъҳои асосӣ