Даргузашти Детсл, овозхони маъруфи Русия баъди консерт

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкЭстрадный певец Децл (Кирилл Талмацкий).
Эстрадный певец Децл (Кирилл Талмацкий). - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кирилл Толматский, рэпсарои Русия, ки бо лақаби Детсл маъруф аст, шаби 2 ба 3 феврал даргузашт

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Павел Беленетс, масъули консертҳои Детсл, рэпсарои маъруф бар асари аз кор мондани қалбаш ҷон додааст.

Ин иттилоъро падари Кирил - Александр Толматский низ дар саҳифааш дар Facebook тасдиқ кардааст.

Кирилл Толматский 22 июли соли 1983 дар Маскав таваллуд шуда, нахустин ҳунарнамоияш дар ҷашнвораи Adidas StreetBall Challenge сурат гирифт. Албоми нахустинаш зери унвони “Кистӣ?” - "Кто ты?" соли 2000-ум пешниҳоди омма гардида, бо беш аз 1 миллион нусха миёни пурталабандаҳо ҷой гирифтааст.

Лентаи хабарҳо
0