Кумитаи дин телефони бовариро фаъол кард

© ERIC DRAPERТелефонный разговор
Телефонный разговор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон барои иртиботи бештар бо мардум телефони бовариро роҳандозӣ кард

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи дин, ҳадафи иқдом беҳтар намудани равобиту ҳамкорӣ бо ҷомеа, татбиқи босамари қонунҳои соҳавӣ ва дар маҷмӯъ, осон гардидани иртибот бо шаҳрвандони кишвар мебошад.

Ин ниҳод телефони боварии +992-988-20-6666- ро дар ихтиёри сокинони кишвар қарор дода,  таъкид намудааст, ки шаҳрвандон метавонанд тариқи он мустақиман тамос гиранд ё паём фиристанд.

Кумита таъкид намудааст, ки рақами 988-20-66-66 инчунин аз тариқи паёмрасонҳои имо, вайбер ва вотсапп ҳам дастрас мебошад.

Лентаи хабарҳо
0