21:39 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Министерство культуры РТ. Архивное фото

Вазорати фарҳанг барои беҳтарин драмнавис панҷ ҳазор сомонӣ медиҳад

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Вазорати фарҳанг озмун драманависонро шурӯъ аз 1 марти соли равон оғоз намуда, ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолиятьи Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, Озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд.

Вазорати фарҳанг таъкид намудааст, ки асарҳо бояд то 1 августи соли 2019 дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гарданд.

“Асарҳои, ки пешниҳод мешаванд бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд”, — қайд намудааст Вазорати фарҳанг.

Инчунин манбаъ афзудааст, ки асарҳои бо забони русӣ ва узбакӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд.

Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гардида, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Ғолибони  озмун барои ишғоли  ҷойи якум – 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ  мукофот хоҳанд гирифт.

Барчаспҳо:
ҷоиза, фарҳанг, вазорати фарҳанг, озмун, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ