Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон намудҳои халтачаҳои наврӯзиро тасдиқ кардааст

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, халтачаҳои наврӯзӣ, ки барои тӯҳфаҳо пешбинӣ шудаанд, бо шаклу дизайни гуногун таҳия карда шуда, дар онҳо рамзу ангораи Наврӯзи соли 2019 тасвир ёфтаанд.

Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истироҳати шашрӯза ва қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи “Наврӯз – 2019”

“Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо метавонанд ба корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ ҷиҳати омода кардани халтачаҳо аз матоъҳои гуногун, коғазҳои ранга, картон, халтачаҳои полиэтиленӣ ва дигар навъҳои матоъ дастур диҳанд, ки намудҳои мухталифи халтачаҳоро дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ омода намоянд”, - омадааст дар иттилоияи дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонХалтачаҳои наврӯзии тасдиқкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Халтачаҳои наврӯзии тасдиқкардаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Манбаъ афзуд, дар рӯзҳои Иди байналмилалии Наврӯз сокинони кишвар метавонанд барои гирифтани тӯҳфа аз он истифода кунанд.

“Тӯҳфаҳо ба ятимон, беморон, барҷомондагон, пиронсолон, кӯдакону наврасон низ тавассути чунин халтачаҳои наврӯзӣ тақдим карда шавад. Истифодаи чунин халтачаҳои наврӯзӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шавад”, - таъкид шудааст дар иттилоияи котиботи Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кардааст.

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУтвержденный символ Навруза в 2019 году в Таджикистане
Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо - Sputnik Тоҷикистон
Утвержденный символ Навруза в 2019 году в Таджикистане

“Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор - суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз – 2019” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст”, - тасвир кардааст дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0