22:21 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Книжная ярмарка

Ҷалби кӯдакон ба китобхонӣ ва ташкили фестивали ҷумҳуриявӣ

Шарк Зиёкори
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik.  Ба хотири ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон дар саросари ҷумҳурӣ фестивали “Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.  

Бино бар иттилои манбаъ, фестивал соли равон ба ифтихори 28-солагии ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон, 22-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, ҷашни Наврўз, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷашнвораҳои адибону олимон ва симоҳои барҷастаи илму ҳунар бахшида мешавад.

“Мақсади асосии баргузории фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кўдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандўстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад”, - таъкид намудааст Вазорати фарҳанг.

Тибқи иттилои манбаъ, фестивал зина ба зина аз деҳот то пойтахт аз 2 то 9 апрели соли равон баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳи Фестивал таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” санаи 2 апрели соли равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ ва китобхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, китобхонаҳои мактабӣ сурат мегирад.

Дар ҷамъбасти фестивал 9 апрел бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб баргузории намоиши идона дар назар аст. Дар ҷамъбаст китобдорон, фаъолон, ғолибони озмунҳо, аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма иштирок хоҳанд кард. 

Дар доираи фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои “Фурўхташавандатарин китоб”, “Фаъолтарин хонандаи ҷавон”, “Машҳуртарин нависандаи кўдакон”, Озмуни ровиёни ҷавон пешбинӣ шудааст.

Вазорати фарҳанг қайд намудааст, ки озмунҳои мазкур моҳҳои феврал - март ва аввали моҳи апрел гузаронида шуда, дар доираи Фестивал ғолибони озмунҳо муайян ва бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Барчаспҳо:
сабқати ҷумҳуриявӣ, вазорати фарҳанг, ҷалби одамон, китобхонӣ, кӯдакон, китоб, фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ