07:42 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Тӯйи узбакӣ, акс аз бойгонӣ

Узбакистон ҳам никоҳи хешутабориро мамнуъ мекунад

© Sputnik / РИА Новости
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
177 0 0

Мақомоти Узбакистон лоиҳаи қонунеро таҳия ва пешниҳод кардаанд, ки никоҳи хешовандони наздикро манъ мекунад

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бар асоси лоиҳаи тағйирот ба Кодекси оилаи Узбакистон, ки матни он дар пойгоҳи ҳуқуқии ин кишвар барои баррасии омма пешниҳод шудааст, издивоҷи фарзандони хоҳарону бародарон мамнуъ хоҳад шуд.

Ташаббускори тағйирот Вазорати тандурустии Узбакистон буда, баррасии оммавии он то даҳрӯзаи аввали моҳи март идома хоҳад кард.

Феълан дар Узбакистон танҳо никоҳи бародарону хоҳарон, фарзанд ва падару модархондҳо мамнуъ мебошад.

Пешниҳоди маҳдудиятҳои нав дар ҳолест, ки тибқи иттилои расонаҳои Узбакистон издивоҷи хешутаборӣ миёни сокинони ин кишвар, махсусан дар деҳот хеле густурда мебошад.

Иқдоми Узбакистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тобистони соли 2016 бо далоили ҳифзи саломатии наслҳои оянда никоҳи хешутабориро дар кишвар мамнуъ карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ