17:50 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Барои бори аввал дар саҳнаи Маскав ҳунармандони Театри шаҳри Хоруғ баромад карданд

Дар Хоруғ Театри миллӣ ба истифода дода мешавад

© Sputnik Нилуфари Никкадам
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
65 0 0

Дар Хоруғ 94 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд, ки дар онҳо садҳо нафар бошандагони шаҳр бо ҷойи кор таъмин мегарданд

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. То ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон дар Хоруғ 94 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор дода мешаванд, иттилоъ додааст ожонсии “Ховар”.

Имрӯзҳо корҳои созандагию бунёдкорӣ дар  иншооти ҷашнии шаҳри Хоруғ, аз ҷумла дар бинои Театри миллӣ  идома доранд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз се ошёна, толорҳои калону хурд, утоқҳои машқу тамрин ва шароити зарурӣ иборат мебошад. Толори асосии он барои  ҳазор нафар тамошобин пешбинӣ шудааст.

 Бино бо тарҳи миллӣ бунёд гардида, ба шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ пайваст карда мешавад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ  тобистони соли 2017 оғоз гардида, то охири сол беш аз 70 фисади корҳои сохтмонӣ бо харҷи 11 млн. сомонӣ  ба анҷом расонида  шуданд.

Дар оғози соли равон барои  пешбурди корҳо 8 млн. сомонӣ ҷудо гардид. Фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи  сохтмони  иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур буда,  корҳои сохтмониро  бинокорони ҶДММ «Бунёд» бар ӯҳда доранд. Ба корҳои сохтмонӣ 80 нафар сохтмончиён, ки теъдоди бештари онҳоро сокинони  шаҳри Хоруғ ташкил медиҳанд,  ҷалб шудаанд.

Раванди кори бино имконият медиҳад, ки  Театри миллӣ  дар шаҳри Хоруғ сари вақт мавриди истифода қарор дода шавад.

Барчаспҳо:
Театр, Бадахшон, бино, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ