20:16 20 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Сирк дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоиши чашмбандӣ ва шерони африқоӣ дар Сирки Душанбе

© Sputnik Amir Isaev
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Нахустин бор дар Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини ҳунармандони барҷастаи чашмбандӣ ва ромкунандагони ҳайвоноти дарранда аз Русия ва кишварҳои ИДМ таҳти унвони “Барномаи калон” баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Маъмурияти Сирки давлатии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки ин як силсилабарномаи муштаракест, ки дар он устодони барҷаста дар бахши чашмбандӣ ва акробатика аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Русия иштирок хоҳанд кард.

“Русияро ҳунармандони Маскав ва Санкт-Петербург муаррифӣ мекунанд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Сирки давлатӣ.

“Ба барнома баромадҳо бо иштироки гимнастҳои ҳавоӣ, акробатҳо, чашмбандон ва масхарабозон ворид мешаванд. Инчунин дили тамошобинони тоҷикро  сагчаҳо, аспҳо, хирсҳо ва тӯтиҳои нағмагар шод хоҳанд намуд”-афзудааст манбаъ.

Маъмури барнома таъкид кардааст, ки ҷавҳари ассосии барнома ин шерони африқоӣ ва чашмбандиҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки ҳам ба хурдсолон ва ҳам ба калонсолон писанд меоянд

Ҳунармандони Сирк аллакай аз 10 март ба омадан шурӯъ намуда,  намоиши аввалин 15 март дар Сирки давлатии Душанбе оғоз мегардад.

Сафари ҳунарӣ то 7 апрел давом мекунад. Намоишҳои нахустин 15 март соати 12.00 ва 16.00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мегарданд.

Мавзӯъҳои асосӣ