17:32 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Гулҳо дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Амри раисиҷумҳуру қарори шаҳрдорӣ барои ташкили озмуни “Сайри гули лола”

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19310

Шаҳрдории Душанбе бар асоси амри раисиҷумҳури Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни шаҳрии “Сайри гули лола” баргузор шавад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ ғолибони озмуни шаҳрӣ ба баррасии гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ пешниҳод хоҳанд шуд.

Бар асоси қарори шаҳрдор, Рустами Эмомалӣ, барои муайян намудани беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиб ва сифати гулзорҳо озмуни шаҳрии “Сайри гули лола”  дар рӯзҳои таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз-2019 ҷамъбаст карда мешавад.

Раисони навоҳии Душанбе муваззаф гардидаанд, дар сатҳи ноҳия чунин озмунро то 18 марти соли 2019 ҷамъбаст намоянд.

“Гурӯҳи кории шаҳрӣ натиҷаҳои озмунро бо дарназардошти номзадҳои аз тарафи гурӯҳҳои кории ноҳиявӣ пешниҳодгардида то 25 марти соли 2019 ҷамъбаст намуда,   тибқи муқаррарот ба гурӯҳи кории ҷумҳуриявии озмун пешниҳод намояд”, - омадааст дар қарор.

Манбаъ афзуд, ки ғолибони озмуни шаҳрӣ бо дипломаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ