15:25 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Ҷонибек Муродов, акс аз бойгонӣ

“Не нагӯ духтар”: суруди нави Қадами Қурбон омода шуд, навбати намоҳанг – видео

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
322501

Ҷонибек Муродов, овозхони тоҷик мегӯяд, суруди нави Қадами Қурбон, сарояндаи дигари шинохтаи тоҷик аллакай сабт ва омода шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар – Sputnik.  Ҷонибек Муродов дар саҳифаи расмияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки сабти суруди нави Қадами Қурбон 10 март анҷом шуд. Ӯ афзудааст, ки рӯзҳои наздик сабти клип, ё худ намоҳанг ба ин суруд оғоз хоҳад шуд.

Муродов  қаблан дар мавриди ҳамкорӣ бо Қадами Қурбон гуфт, суруди нав омезиши зарби тоҷикии хатлонӣ бо ғарбӣ буда, намоҳанги онро худаш коргардонӣ хоҳад кард.

Аввали соли равон дар пайи як суҳбати Қадами Қурбон, ки гуфт тавони сабти намоҳангро надорад, Ҷонибек Муродов, овозхони дигари тоҷик бо ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Ҷонибек Муродов гуфта буд, Қадами Қурбон пешниҳоди ҳамкорӣ ва таҳияи клипро қабул кардааст ва то Наврӯз намоҳанг пешниҳоди омма мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ