21:26 14 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Бузкашӣ, акс аз бойгонӣ

Дар Суғд “Пойга” ва “Бузкашӣ”-и наврӯзӣ баргузор мешавад

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
135 0 0

Ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ дод, ки 24-уми март дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров “Пойга” ва “Бузкашӣ” –и наврӯзӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Тибқи иттилоияи мақомоти вилояти Суғд, мусобиқаҳои мазкур бо мақсади тарғиби расму анъанаҳои миллии бузкашӣ ва аспдавонӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар ипподроми ба номи Абдураҳим Ҷумъев гузаронда мешаванд.

Манбаъ афзуд, ки сокинон ва дӯстдорони ин навъи варзиш метавонанд дар мусобиқаҳо иштирок намоянд ва фаъолону ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мешаванд.

Ахиран Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки ҳамзамон раиси Федератсияи пойга ва бузкашӣ дар кишвар мебошад, изҳор дошт, ки туҳфаҳои арзишманд дар ин мусобиқаҳо пешниҳоди ӯ буд.

Шоҳиён афзуд, дар маҷлиси Федератсия ҳам таъкид кардааст, ки дар Тоҷикистон мошин бисёр арзон аст, хусусан мошинҳои маркаҳои “жигулӣ”, ки ба ивази 500 – 1000 доллар харидорӣ мешаванд.

“Ман шоҳид ҳастам, паҳлавонҳо ҳамон мошини гузоштаро вақте мегиранд, ҳатто то хона бурда наметавонанд, на матораш кор мекунад, ин як дарди сари зиёдатӣ. Ман пешниҳод кардам, ки аз ин худдорӣ кунем, як туҳфае гузорем, ки камтарак арзиш дошта бошад”, - тавзеҳ дод ӯ.

Шоҳиён ҳадафашро дар он гуфт, ки аз ин мусобиқаҳо нафаре, ки барои парвариши асп хароҷот мекунад, ё худ ҳамон паҳлавон бурд кунад.

Раиси Додгоҳи олӣ таъкид намуд, гарчанде қонун манъ накардааст, аз ҷониби Федератсия мактуби расмӣ ба навоҳӣ ирсол шудааст то мусобиқаҳои пойгаю бузкашӣ танҳо дар идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат ташкил карда шаванд.

Ӯ илова намуд, пойгаю бузкашӣ, ки дар маросимҳои хатнатӯй зиёд шуда буданд, бар асоси қонуни танзими ҷашну маросимҳо мамнуъ гардиданд.

Шоҳиён дубора таъкид намуд, ки пойгаю бузкашӣ танҳо бахшида ба идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузор мешаванд ва мусобиқаҳоро махсусан барои ноҳияҳои куҳистону чорводор муҳим хонд.

Мавзӯъҳои асосӣ