12:51 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Здание Всероссийского государственного института кинематографии имени С.А.Герасимова (ВГИК) на улице Вильгельма Пика в Москве

Ҳунармандони номии рус дар Душанбе: Рӯзҳои ВГИК дар Тоҷикистон оғоз шуд

© Sputnik / Григорий Сысоев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
122 0 0

Рӯзҳои ВГИК, Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов, дар Тоҷикистон оғоз шуданд. Дар доираи он ҳунармандону устодони инематографияи рус ба Тоҷикистон сафар карданд

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Имрӯз, 12 марти соли 2019 дар толори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Рӯзҳои Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба 100-солагии донишкадаи мазкур бахшида шудааст, инчунин Фестивали филмҳои донишҷӯён таҳти унвони "Қатра" бо тантана ифтитоҳ ёфт.

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, меҳмонони чорабиниро дар даромадгоҳи донишкада бо мусиқии шӯху идонаи тоҷикӣ пешвоз гирифтанд. Сипас дар толор филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ оид ба хатмкардагони ДДУК манзури тамошобинон гардид ва донишҷӯёни донишкада саҳначаи ҷолиберо аз ҳаёти синамо намоиш доданд. 

Барои ифтитоҳи расмии Рӯзҳо ва Фестивал ба саҳна директори муассисаи давлатии Киностудияи "Тоҷикфилм" Носир Раҳмонов, ректори Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов Владимир Малишев ва ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев баромада, ҳозиринро бо чунин рӯзи хотирмон табрик гуфтанд ва оид ба таҳкими ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи синамо ибрози андеша намуданд", - менависад вазорат.

Чорабиниҳои мазкур то 15 марти соли ҷорӣ идома ёфта, дар доираи он Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба имзо мерасад.

Ҳамчунин дар ин рӯзҳо консерти муштараки донишҷӯён таҳти унвони "Дӯстӣ", намоиши беҳтарин филмҳои хатмкардагон ва донишҷӯёни ДДУК дар кинотеатрҳои "Ватан", "Зебуниссо" ва толори "Арғунун"-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат, намоишномаи "Эдип", филмҳои кӯтоҳметражи донишҷӯён аз кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, баргузории дарсҳои сайқали маҳорат ва машғулиятҳои омӯзишӣ, вохӯриву нишастҳои матбуотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ аз Қалъаи Ҳисор, Кохи Наврӯз ва Осорхонаи миллӣ дидан хоҳанд кард.

Боиси зикр аст, ки чорабиниҳо рӯзи 15 март бо ҷашнгирии Наврӯзи ҷаҳонӣ бо иштироки меҳмонони хориҷӣ анҷом мепазиранд.

Мавзӯъҳои асосӣ