Барои кӯдакони Бадахшон осорхонаро ройгон карданд

© Sputnik / Стас ЭтвешФестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рӯзҳои дарҳои боз эълом кардааст

ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Бо мақсади ошноии бештари кӯдакону наврасон бо расму суннатҳои наврӯзӣ ва таърихи пайдоиши он маъмурияти Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтааст, ки барои кӯдакону наврасон дарҳои боз эълом кунад.

Дар остонаи Наврӯз кӯдакон аз тамошои ройгони нигораҳо, мусаввараву муҷассамаҳои марбут ба Наврӯз баҳраманд хоҳанд шуд.

Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бояд торихро донанд: имомхатибони масҷидҳо ба тамошои осорхона мераванд

Мудири осорхонаи мазкур Хушомад Алидод дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ Ховар гуфтааст, ки «дар муассисаҳои таълимӣ оид ба ин ҷашни бостонӣ ба кӯдакону наврасон маълумоти зиёди шифоҳӣ пешниҳод мегардад, аммо ба қавли мардум, “шунидан кай бувад монанди дидан”.

Ба гуфти мудири осорхона, дар ин ҷо мутахассисон ҳар як нигораро шарҳу тавзеҳ дода доир ба онҳо бо кӯдакону наврасон мубоҳиса мекунанд.

"Ҳадафи мо аз баргузории ин дарҳои боз роиҷ гардондани фарҳанги осорхонаравӣ миёни шаҳрвандони кишвар мебошад. Ин фарҳангро бояд аз хурдсолӣ дар ниҳоди кӯдакон парвариш намуд",-гуфтааст Хушомад Алидод.

Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии вилоят имсол 75-сола мешавад. Ҳоло дар хазинаи ин осорхона 12 ҳазор нигора мавҷуданд ва танҳо соли гузашта аз ҳисоби даромади худи осорхона боз 63 нигора ба хазина ворид гардид. Ягона мушкилии осорхона ба талабот ҷавобгӯ набудани бинои он мебошад. Инро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ тасмим гирифт, ки соли равон бунёди бинои мутобиқ ба меъёрҳои муосирро оғоз кунад.

Лентаи хабарҳо
0