04:44 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Наврузовский карнавал в Нуреке

Иштироки раиcиҷумҳур дар “Корвони наврӯзӣ” бо 10 ҳазор нафар дар Норак

Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
100 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар барномаи театрикунонидашудаи “Корвони наврӯзӣ” иштирок кард

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ин тадбири хотирмони ҷашнӣ беш аз 10 ҳазор нафар ҷалб гардидаанд.

“Барномаи фарҳангии “Корвони наврӯзӣ” бо садои карнаю сурнай оғоз гардид. Аз рафти чорабинӣ маълум гардид, ки таҳиягарон бо дарназардошти тамоми анъанаҳои ин ҷашн ва риояи дигар хусусиятҳои хос барномаро таҳия кардаанд, зеро мушоҳида мешуд, ки ҳар як баромади устодони санъат ва ҳаваскорон таҷассумгари шукӯҳу шаҳомати Наврӯзи аҷдодӣ буд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, Наврӯзи Хатлону Бадахшон, Рашту Зарафшон ва Ҳисор бо хусусиятҳои хосаш ба иштирокдорони ин чорабинии бузургӣ фарҳангӣ намоиш дода шуд.

Манбаъ таъкид кард, ки Корвони Наврӯзӣ дар кишвар бо талоши Эмомалӣ Раҳмон пас аз солиёни зиёд дубора эҳё гардид.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур “Корвони наврӯзӣ” дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгонро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.

Мавзӯъҳои асосӣ