04:55 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Просмотр на экране передачи с участием Даниэля Рустамова

Баргузории барномаи “Ганҷи Наврӯзӣ” дар Душанбе бо иштироки Даниэл Рустамов

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
74 0 0

Дар ин барнома “Ганҷи Наврӯзӣ” ба ҷуз ҳунармандони театрҳои гуногун аз Хатлону Бадахшону Душанбе ҳамчунин барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш мегардонад

ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Пагоҳ, 22 марти соли 2019, соати 18:00, дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони “Ганҷи наврӯзӣ” намоиши театрикунонидашуда баргузор мешавад, иттилоъ дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар барномаи ҷолиби консертӣ ҳунарпешагони ансамблҳои “Лола”, “Зебо”, “Гулрез”, “Ситора”, “Ҷаҳоноро”, “Парасту”, “Дарё”, “Новая Эра” ҳунарнамои мекунанд.

Ҳамчунин ансамбли фолклорӣ- этнографии “Хутал”-и вилояти Хатлон, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, ҳунарпешагони ансамбли “Фалак” — и шаҳри Кӯлоб, ҳунарпешагони бахши Раёсати фарҳанги ВМКБ, ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, ансамбли “Славяне”-и Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, ансамбли эстрадии “Ориё” ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар ин барнома барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Даниэл Рустамов бо ҳунарнамоии худ табъи тамошобинонро хуш мегардонад.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон (146)
Барчаспҳо:
консерт, Наврӯзгоҳ, Наврӯз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ