13:47 06 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Фестиваль плова и цветов в Худжанде

Баргузории Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” дар Хуҷанд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
89 0 0

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва маблағи пулӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ ва шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин бо ҷоизаи “Гран-при”-и Фестивал сарфароз гардонида мешаванд

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Дар робита ба ҷашни Наврӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ” дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар маркази вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” баргузор мешавад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

 Фестивали “Таомҳои миллии наврӯзӣ” дар назди маҷмааи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” доир гардида, ҳадафи асосии он  баланд бардоштани фарҳанги маънавӣ, омода намудани духтарон ба оиладорӣ ва сайқали маҳорати кадбонугии онҳо, эҳё ва рушди анъанаҳои ниёгон дар ҷодаи пухтани таомҳои миллии наврӯзӣ ба ҳисоб меравад.

Озмун аз рӯи номгӯйҳои зерин – “Беҳтарин таоми миллии наврӯзӣ”, “Ороиши дастурхони наврӯзии беҳтарин”, “Хаймаи беҳтарин”, “Намоиши фолклории беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида мешавад. Дар фестивал ошпазони моҳиру пазандагони шириниҳои миллӣ аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ташкили хайма ва намоиши маҳсули дастонашон иштирок менамоянд. Инчунин аз ҷониби ҳар як хайма барномаҳои фолклорӣ низ пешкаш карда мешаванд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Дипломҳои дараҷаи 1,2,3 ва маблағи пулӣ аз 1000 то 3000 сомонӣ ва шаҳр (ноҳия)-и беҳтарин бо ҷоизаи “Гран-при”-и Фестивал сарфароз гардонида мешаванд.

Инчунин дар ин рӯз дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”  озмуни вилоятии “Сайри гули лола” низ баргузор мегардад.

Ҳоло дар доираи чорабиниҳои наврӯзӣ аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии вилоят ҳашарҳои оммавӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, баргузории “Озмуни дастархонороӣ”, “Чакомаи гесӯ”, “Кадбонуи беҳтарин”, “Маликаи наврӯзӣ”, маҳфили “Канӣ, духтарон!”, мусобиқаҳои варзишии суннатӣ, аёдати шахсони маъюбу барҷомонда, конференсияву семинарҳо, тӯйҳои хайриявӣ пешбинӣ шудаанд.

Барчаспҳо:
фестивал, Наврӯз, Хуҷанд

Мавзӯъҳои асосӣ