13:14 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Овозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав

Тақлиди масхарабозҳои Узбакистон ба Қадами Қурбон ва имиҷи наву нахустин клип – видео

саҳифаи расмии овозхон Ҷонибек Муродов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
3616 0 0

Дар интернет навори тақлиди ҳаҷвнигорони ҷавони Узбакистон ба ҳунарнамоии Қадами Қурбон, овозхони шӯх ва шинохтаи тоҷик нашр шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Навори тақлиди ҳаҷвнигорони ҷавон ба ҳунарнамоии Қадами Қурбон зоҳиран дар арафаи соли нави мелодӣ сабт шуда, дар арафаи Наврӯз дар бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидааст. Ин тақлидкории масхарабозҳои кишвари ҳамсояро ба Қадами Қурбон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазорҳо нафар писандида, садҳо нафар бознашр намудаанд. Масхарабозӣ, як соҳаи қадима, як бахши санъати театрӣ ва сирк мебошад, ки ҳунарпешаҳои он ширинкорию ҳазлу мазоҳ, тақлидкории ҳаҷвӣ ва намоишҳо нишон медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол саҳифаи расмии Ҷонибек Муродов, овозхони шинохтаи дигари тоҷик аксҳо аз саҳнаҳои банаворгирии нахустин клипи Қадами Қурбон ва имиҷи нави ӯро нашр кардааст.

Қаблан Ҷонибек Муродов дар саҳифаи расмияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки сабти суруди нави Қадами Қурбон 10 март анҷом шуд ва клип, ё худ намоҳанг ба ин суруд сабт хоҳад шуд.

Муродов  пештар дар мавриди ҳамкорӣ бо Қадами Қурбон гуфт, суруди нав омезиши зарби тоҷикии хатлонӣ бо ғарбӣ буда, намоҳанги онро худаш коргардонӣ хоҳад кард.

 


Аввали соли равон дар пайи як суҳбати Қадами Қурбон, ки гуфт тавони сабти намоҳангро надорад, Ҷонибек Муродов, овозхони дигари тоҷик бо ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Ҷонибек Муродов гуфта буд, Қадами Қурбон пешниҳоди ҳамкорӣ ва таҳияи клипро қабул кардааст ва то Наврӯз намоҳанг пешниҳоди омма мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ