Аллоҳ куҷосту чаро нисоби закот бо ҳисоби Бонки миллӣ мувофиқ нест? суолҳо аз Шӯрои уламо

© Sputnik / Амир Исаев, STRПредседатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбарони сомонааш дар мавриди макони Худо ва номутобиқатии нисоби закот бо ҳисоби Бонки миллии кишвар посух додааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik.  Шӯрои уламо ба суолдиҳанда, Муҳаммад, ки Аллоҳ куҷост, пурсидаст, посух додааст, ки “Аллоҳ бемакон аст ва ба макону замон ниёз надорад”.

Тақвими мусалмони барои соли 2019  - Sputnik Тоҷикистон
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2019

Камолиддин, корбари дигари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки чаро нисоби закоти муайянкардаи Шӯрои уламо ба нархҳои тилло, ки Бонки миллии Тоҷикистон нишон додааст, мувофиқат намекунад.

“Агар меъёри нисоби закот аз ҳисоби арзиши тилло гирифта шавад, пас мувофиқи маълумоти БМТ арзиши миёнаи 1 гр тилло тахминан зиёда аз 400 сомонӣ буда, дар ин ҳолат нисоби закот 34000 сомонӣ мешавад. Лекин ҳар сол нисоби закотро тахминан аз 20 ҳазор то 25000 сомонӣ иттилоъ медиҳанд. Сабаби ин фарқият чист?”, - суол додааст Камолиддин.

Шӯрои уламо посух додааст, ки ҳар сол дар арафаи моҳи Рамазон Раёсати фатво пас аз гирифтани маълумот дар бораи арзиши хариду фурўши тилло дар бозорҳои кишвар ва таҳқиқу баррасии он меъёри нисоби закотро муайян мекунад.

Дар Тоҷикистон иди Рамазонро таҷлил мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Аз намоз то идгардак: гузориши акси аз таҷлили иди Рамазон дар Тоҷикистон

“Дар таъйини миқдори нисоб ба ҳисоби сомонӣ арзиши миёнаи тилло дар бозорҳо ба назар гирифта мешавад”, - тавзеҳ додаст Шӯрои уламо.

Шӯрои уламои Тоҷикистон моҳи Рамазони соли гузашта,  нисоби закотро 20 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда буд, ки аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад.

Соли равон фарорасии моҳи Рамазон тибқи ҳисобҳо 6 майи солшумории мелодӣ дар назар аст.

Лентаи хабарҳо
0