01:47 18 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Мехрона Гайбуллоева из Таджикистана на Ты супер!

Меҳрона Ғайбуллоева аз даври нимниҳоии шоу-барномаи “Ту беҳтаринӣ!” нагузашт

© НТВ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Иштироккунандаи барномаи “Ту беҳтаринӣ!” Меҳрона Ғайбуллоева – аз Тоҷикистон аз даври чорякниҳоии ин барнома нагузашт

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Меҳрона Ғайбуллоева ба даври нимниҳоии барномаи “Ту беҳтаринӣ!" нагузашт.

Дар даври чорякниҳоии барномаи байналмилалии мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" Меҳрона Ғайбуллоева бо гуруҳи “ВИА Гра”  таронаи "Алло, мам"-ро иҷро кард.

Аз чор аъзои ҳакамон се нафараш – Игор Крутой, Диана Арбенина ва Ёлка тугмачаи сабзро зер кардаанд.

Ситораҳои эстрадаи рус ба Меҳрона тавсия додаанд, ки аз болои худ кор карда ба сатҳи касбӣ расад ва дар саҳна худро озод ҳис карда ба изтироб дода нашавад.

Мутаасифона аз 10 иштирккунанда ҳамагӣ 4 нафар ба ин даври барнома роҳ ёфтаанд. Меҳрона Ғайбулоева низ ба ин давр роҳ наёфтааст. Шояд ҳайати ҳакамон суханони ӯро, ки гуфта буд ба ин барнома барои пирӯзӣ наомадааст, балки бо мақсади дидор бо устодони снъат ва дӯстон омадааст.

Ба ҳар ҳол ҳамватанон ва дигар мухлисон ба ҳунари Меҳрона баҳои баланд доданд.

Ёдрас мекунем, ки пас аз иҷрои тарона Албина Ҷанабаева ёдрас шудааст, ки дар ҷавонӣ ӯро низ дастгирӣ карда буданд ва барои Меҳрона Ғайбуллоева низ кӯмаки атрофиён муҳим аст.

"Албатта, дар ҷавонӣ дастгирӣ барои ҳама муҳим аст. Ба гуфтаи устодон бояд гӯш дод, гирди он андеша намуд ва аз болои камбудиҳои худ кор кард. Нафарони таҷрибадор камбудии бештареро метавонанд мушоҳида кунанд. Ҳаёт баъди лоиҳа метавонад тағйир ёбад: касе ҳунарманди ҳақиқӣ мешавад, касе барои худ роҳи дигареро интихоб мекунад. Агар касе аз кӯдакон дарк кунад, ки истеъдоди вай дар соҳаи дигар аст, ин шикасти вай не, пирӯзии ӯ мешавад. Аз ҳама муҳимаш - бояд дар ҳаёт роҳи худро пайдо кард", - гуфтааст ҳунарманд дар саҳна.

Меҳрона Ғайбуллоева соли дувум аст, ки дар озмуни мусиқии "Ту беҳтаринӣ!" ширкат мекунад. 

Ин духтараки тоҷик соли гузашта то давраи нимниҳоӣ роҳ ёфта буд.

Озмуни "ту беҳтаринӣ!"  аз ҷониби телевизиони НТВ ва оҷонсии байналмилалии иттилоотии Sputnik бо сарпарастии Вазорати маорифи Русия баргузор мешавад. Дар он танҳо кӯдакони ятим ва ба фарзандӣ қабулшуда ҳаққи иштирок карданро доранд

Барчаспҳо:
баромад, суруд, Меҳрона Ғайбуллоева, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ