20:56 23 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Хошим Гадо. Архивное фото

Масъули Вазорати фарҳанг: маълумотҳои дар бораи Ҳошим Гадо паҳншуда тӯҳмат аст

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
522 0 0

Ба гуфтаи сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, "маълумотҳое, ки дар интенет дар бораи вазъи Ҳошим Гадо паҳн мешаванд, тӯҳмат буда, обрӯи ҳунармандро паст мезананд"

ДУШАНБЕ, 27 мар - Sputnik. Дар шабакаҳои интернетӣ изҳороти Мирзолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон паҳн шудааст, ки дар он гуфта мешавад, "аз нафақаи устод Ҳошим Гадо ҳангома накунед!".

Ёдрас мешавем, пештар дар шабакаҳои интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо аз ҳаҷми нафақааш шикоят мебурд.

"10-20 сол шуд, ба тамоми мансабдорон муроҷиат кардам, ки оё Артисти халқии Тоҷикистон, Артисти халқии СССР, дорандаи Ситораи Президент 700 сомонӣ нафақа гирифтанаш дуруст аст. 60 сол дар театру кино барои халқи тоҷик хизмат кардам, 40 сол дар донишкадаи санъат дарс гуфтам ва 200 ҷилд китоб мунташир кардам. То аз дастам омад ба халқи тоҷик хизмат кардам. Барои чӣ солҳои дароз ман муроҷиат мекунаму нафақаи ман каме боло намешавад?", - мегуфт ӯ.

Ба гуфтаи Саидов, ҳунарманд нафақаи имтиёзнок мегирад ва баробари ин дар ду ҷой кор мекунад.

"Дар айни замон, Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шўравӣ Гадоев Ҳошим дар баробари нафақаи имтиёзнок дар Муассисаи давлатии "Театри давлатии академии драмавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ" ва Муассисаи давлатии "Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон ба номи Мирзо Турсунзода" фаъолият намуда, музди меҳнат мегирад", - тавзеҳ медиҳад вай.

Намояндаи вазорат афзудааст, ки маоши Ҳошим Гадо дар театри Лоҳутӣ 1592 сомонӣ ва дар донишкадаи санъат бештар аз ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

"Ҷиҳати муқаррар кардани нафақаи махсус барои ҳунарманд дар баррасии Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон пешниҳод қарор дорад", - қайд кардааст Мирзоалим Саидов.

"Аз ин рӯ, маълумотҳое, ки дар сомонаҳои интернетӣ доир ба вазъи ҳунарманд баъзан интишор мешаванд, туҳмати маҳз буда, ягон вокеият надоранд ва танҳо ҳадафи онҳо паст кардани эътибори ҳунарманд мебошад", - меафзояд вай.

Ин бори аввал нест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи вазъи Ҳошим Гадо гузоришҳо мунташир шуда, боиси вокуниши шадиди корбарон мегардад.

Чуноне ки моҳи октябри соли гузашта корбарони Фейсбук дар гурӯҳҳо хабар додаанд, ки ҳунарманди машҳури тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе ба фурӯхтани китобҳои худ машғул аст. Корбарон аз ин шуғли ситораи саҳнаи тоҷик, изҳори нигаронӣ мекарданд.

Хабари корбарони Фейсбук аз китобфурӯшии ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Пас аз мунташир шудани матлаби Sputnik Тоҷикистон ва баҳсҳои зиёд чанде аз фаълони иҷтимоӣ ба дидорбинии ҳунарманд рафтанд ва аз китобҳои ӯ харидорӣ намуданд. 

Он вақт яке аз рӯзноманигорони тоҷик навишта буд, ки ҳунарманд ҳудуди 700 сомонӣ нафақа мегирад ва борҳо назди масъулин рафта, хоҳиш намудааст, ки ҳаққашро бештар кунанд, аммо посухе нагирифтааст.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, Иттиҳоди Шӯравӣ ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст. Ӯ ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Мавзӯъҳои асосӣ