Оғози “Ҳафтаи китоб” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” дар Тоҷикистон

CC0 / Pixabay / Детские книги
Детские книги - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баргузории намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Аз 2 то 9 апрели соли равон дар саросари ҷумҳурӣ Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” таҳти унвони “Кашшофи падидаҳои наврас” баргузор мегардад, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Ҳадафи фестивал ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ ва  гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Президента Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Даъвати Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Спитамен: китоб хонед

Фестивали  мазкур   расман имрӯз, 2 апрели соли  равон дар толори Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, инчунин дар китобхонаҳои бачагонаи вилоятӣ, маркази шаҳру ноҳияҳо ва  мактабӣ оғоз  мегирдад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷамъбасти фестивал, ки он  9 апрел сурат мегирад, бахшида ба 65-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғойиб баргузории намоиши идона бо иштироки аҳли илму адаб, намояндагони вазоратҳои фарҳангу маориф, васоити ахбори омма дар назар дошта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи баргузории  ин фестивал намоиши китобҳои тозанашр, вохӯрӣ  бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабию  ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили озмуни расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона “Китобчаи дӯстдоштаи ман”, озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои “Фурӯхташавандатарин китоб”, “Фаъолтарин хонандаи ҷавон”, “Машҳуртарин нависандаи кӯдакон” ва  озмуни ровиёни ҷавон  дар назар дошта шудааст.

Бояд зикр намуд, ки ғолибони  Фестивал  бо мукофот сарфароз мегарданд.

Лентаи хабарҳо
0