11:11 23 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.79
  • RUB0.15
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Тақдими медал аз номи Раҳимзода ба Хайрандеш ва Ҷумъахон Сафаров

Пресс-служба президента Таджикистана
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1101 0 0

Генерал Шарифзода аз номи вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ба шоири тоҷик Хайрандеш ва овозхони номдор Ҷумъахон Сафаров медалҳои «25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.

ДУШАНБЕ, 6 апр – Sputnik. Дар толори фарҳангии Академияи ВКД барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Ку шеър, ки тар шавад, дили Хайрандеш» бо ширкати шоири халқии Тоҷикистон Хайрандеш (Қурбонов Хайриддин Шарифович) ва ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров баргузор гардид.

Ба иттилои равобити умумии ВУД, маҳфили шеъру тарона бо қироати шеърҳои устод Хайрандеш аз ҷониби курсантони Академияи ВКД оғоз гардид. 

Сардори Академияи ВКД, генерал-майори милитсия Шарифзода дар суханронии хеш қайд намуд, ки дунёи бекаронаи андешаи қаҳрамони лирикии шоирро содадилӣ, хоксорӣ, фурӯтанӣ ва махсусан, дарёдилии одамони оддӣ ташкил додаанд ва розҳои ногуфтаи онҳо бо нармию нозукӣ, бо таъбирҳои ҷаззоби рӯҳнавози мардумӣ пай дар пай иброз мегардад. 

Ҳамчунин дар маҳфил устоди санъати тоҷик Ҷумъахон Сафаров бо сурудҳо аз ашъори  Хайрандеш ҳунарнамоӣ кардааст.

Манбаъ афзуда, ки дар ин маҳфил генерал-майори милитсия Шарифзода аз номи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба устодон Хайрандеш ва Ҷумъахон Сафаров медалҳои «25-солагии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тақдим намуд.

Базми шеъри Хайрандеш дар Академияи ВКД
Базми шеъри Хайрандеш дар Академияи ВКД

Мавзӯъҳои асосӣ