Филми "Тангно"-и Муҳиддин Музаффарро дар Тошканд намоиш медҳанд

© Сайт киностудии "Сугдсинамо"Мухиддин Музаффар. Архивное фото
Мухиддин Музаффар. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
12 ва 13-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад, ки дар доираи он филми чанд коргардони тоҷик намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Филми "Тангно"-и Муҳиддин Музаффарро дар Тошканд намоиш медҳанд.

12 ва 13-уми апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбакистон Рӯзҳои кинои тоҷик баргузор мешавад ва дар доираи ин чорабинӣ филми "Коса"-иМуассисаи давлатии "Суғдсинамо" ба номи Комил Ёрматов низ пешниҳоди тамошобинон хоҳад шуд.

Рӯзҳои кинои тоҷик дар кинотеатри ба номи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҷараён мегирад ва тӯли ду рӯз филмҳои "Сафари ҳавоӣ"-и Далер Раҳматов, "Таксӣ"-и Файзуллои Файз,  "Хоби маймун"-и Румӣ Шоазимов ва "Тангно"-и Муҳиддини Музафар намоиш дода мешаванд.

Филми "Тангно" панҷумин филми Муассисаи давлатии "Суғдсинамо" ба номи Комил Ёрматов аст ва он аз рӯи асари нависандаи тоҷик Сорбон "Тангнои гетӣ" таҳия шудааст.

Филм дар деҳаи Амондараи шаҳри Панҷакент ва қисман дар шаҳри Москва наворбардорӣ шудааст ва аз муаммоҳои иҷтимоии ҷомеаи муосир, мушкилот ва пайомадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ қисса мекунад.

Лентаи хабарҳо
0