05:09 26 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.50
  • RUB0.15
Директор фонда Ага-Хана в Таджикистане  Ёдгор Файзов, архивное фото

Ёдгор Файзов фарҳангиёни ВМКБ-ро бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ кард

© Россия для всех
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
601 0 0

Кормандоне, ки дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми муносиб гузоштаанд, бо ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ, 13 апр - Sputnik. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар толори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят «Рӯзи фарҳанг» таҷлил гарид.

Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба гузориши ин ниҳод, дар чорабинӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода баромад намуда, ҳамагонро бо ин ҷашни пуршукӯҳ табрику таҳният гуфт ва ба аҳли фарҳанг комёбӣ ва хушихои рӯзгорро таманно намуд.

"Сипас аз номи раиси вилоят Ёдгор Файзов, шӯъбаи фарҳанги вилоят ва иттифоқи касабаи вилоят ба кормандоне, ки дар рушди соҳаи фарҳанг саҳми муносиб гузоштанд , Ифтихорномаҳо ва мукофоти пулӣ тақдим карда шуд",-омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки барномаи ҷолиби консертии ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят хотири иштирокдоронро шод гардонда, ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи сеюми “Лигаи Помир” аз намуди футзал  анҷом ёфт.

Дар бозии ниҳоӣ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов ва дигар шарикону сарпарастони мусобиқа иштирок намуданд.

Дастаи маҳаллаи Бархоруғ аз аввали мусобиқа то анҷоми он пешсафиро аз даст надода, дар бозии ниҳоӣ низ бар дастаи Гулакен 1 дастболо шуд. Даста бори сеюм ба гирифтани Ҷом ва мусобиқа мушарраф гардид.

Раиси вилоят Ёдгор Файзов Ҷом ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми  5 ҳазор сомониро ба дастаи ғолиб тақдим намуд.

Ҳамчунин ба ғолибони номинатсияҳои гуногун — беҳтарин нишонзан, дарвозабон ва беҳтарин бозингари мусобиқа туҳфаҳо супорида шуданд.

 Беҳтарин дарвозабони мусобиқа мувофиқи  хулосаи доварон ва мухлисон, дарвозабони дастаи “Помир” Зоҳир Некқадамов ва беҳтарин нишонзан ҳамлагари дастаи Бархоруғ Қувватбек Равшанбеков дониста шуданд.

Мавзуъ

Ёдгор Файзов ғолибони мусобиқаи “Лигаи Помир”-ро бо Ҷом ва мукофотпулӣ сарфароз гардонид
Ёдгор Файзов узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардид
Ба тақдири вилоят бетараф набошед: дархости Ёдгор Файзов аз бадахшониёни бурунмарзӣ

Мавзӯъҳои асосӣ