16:19 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо муҳоҷирон дар Маскав дар моҳи декабри соли 2017

"Агар рӯза гирам, кор наметавонам": маслиҳати Шӯрои уламо ба муҳоҷири қарздори тоҷик

акс аз сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1964 0 0

Як муҳоҷири тоҷик, ки мегӯяд, қарздор асту дар Русия кор мекунад, аз Шӯрои уламои Тоҷикистон дар мавриди доштани рӯза суол кардааст

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Муҳоҷир дар хитоб ба Шӯрои уламо изҳор доштааст, ки як миллион қарздор асту ҳамроҳи падару бародараш дар Русия кор мекунад.

Ин муҳоҷир дар сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон, аз фарорасии моҳи Рамазон зикр карда, изҳор доштааст, ки "агар рӯза дорам, кор карда наметавонам, агар кор кунам, рӯза дошта наметавонам".

Ӯ пурсидааст, дар ҳоле, ки барои раҳоӣ аз қарз кор карда маблағ ба даст овардан лозим аст, чӣ бояд кард?

Шӯрои уламо дар посух изҳор доштааст, ки рӯза фаризаи илоҳӣ аст ва ба сабаби қарздорӣ аз зиммаи мусулмон соқит намешавад ва даъват намудааст, ки муҳоҷири қарздор аз мушкилот наҳаросад.

“Бародари азиз, шумо пеш аз ҳама ҳалли мушкилоти худро аз Худованди Раззоқ талаб кунед ва дар дили шаб холисона дуо кунед, иншоаллоҳ Худованд кафҳои дасти шуморо холӣ барнамегардонад. Рӯза фаризаи илоҳӣ аст ва ба сабаби қарздорӣ аз зиммаи мусулмон соқит намешавад. Шумо ҳиммати баланд дошта бошед ва аз мушкилот наҳаросед, умед аст, ки комёб мешавед. Худованд ба шумо кушоишу ва раҳоӣ аз қарзро насиб гардонад ва ба хонаводаи шумо тавфиқу баракат ато фармояд”, - посух додааст Шӯрои уламо. 

Ин суолу ҷавоб дар ҳолест, ки ҳудуди як миллион муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. 

Моҳи шарифи Рамазон имсол аз оғози моҳи май то аввали июн дар назар аст. Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ буда, мусалмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодату қироати Қуръон машғул мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ