22:59 24 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Певица Азиза, архивное фото

Пирдухтар нестам: овозхони 55-солаи узбак бори аввал шавҳар мекунад

© Sputnik / Илья Питалев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
144610

Овозхони узбак Азиза Муҳаммадова, ки дар Маскав кору зиндагӣ дорад пас аз дӯстии 30-сола бо композитори рус Олег Бескровний хонадор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Овозхони эстрада Азиза, бо дӯсти деринааш Олег Бескровний хонадор мешавад. Дар ин бора Sputnik Узбакистон хабар медиҳад.

Азиза нақл кардааст, ки бо Бескровний 30 сол боз дӯстӣ дорад ва солҳои пеш чанд бор аз ӯ пешниҳоди хонадор шудан ҳам гирифтааст. Солҳои пеш ӯ пешниҳоди Олегро рад кардааст.

Вале акнун дар 55-солагӣ Азиза мехоҳад хонадор шавад. Дар назар аст, ки тӯйи ҳунармандон ба наздикӣ баргузор шавад. Интизор меравад, ки ба тӯйи онҳо ситораҳои эстрадаи Русия даъват шаванд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Певица Азиза (@azizamusic)

Ёдоварӣ мекунем, ки Азиза Муҳаммадова 10 апрели соли 1964 ба дунё омадааст. Ӯ дар хонаводаи мусиқачиёни касбӣ ба воя расидааст.

Дар синни 16-солагӣ Азиза чун овозхони ансамбли "Садо" дар Тошканд ҳунарнамоишро сар кард. Пас аз хатми консерваторияи Тошканд, Азиза ба озмуни овозхонони ҷавони советӣ-Юрмала рафту, пирӯз нашуд, вале миёни мардум шуҳрат пайдо кард.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Певица Азиза (@azizamusic)

Баъдан Азиза Тошкандро тарк карда, ба Маскав кӯчида ин ҷо фаъолияти касбиашро аз сар гирифт. 

Азиза пас аз сурудани "Твоя улиыбка", ки аз ҷониби ҳамсари ояндааш-Олег Бескровний навишта шуд, миёни мардум маъруфият пайдо кард.

Мавзӯъҳои асосӣ