14:07 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Ҷашнвораи театрии Парасту дар Душанбе ифтитоҳ шуд

Фарҳангиёни тоҷик вазъи театрҳои кишварро баррасӣ мекунанд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Дар шаҳри Душанбе Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» ҷамъбаст мегардад

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Имрӯз, соати 14:00 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон”  мизи мудаввар баргузор мегардад.

Ба иттилои равобити умумии Вазорати фарҳанг, дар мизи мудаввар мунаққидону театршиносон ва ҳунарпешагон ширкат карда, асарҳои ба Фестивал-озмун пешниҳодшударо баррасӣ менамоянд.

Соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими пўшидашавии Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «ПАРАСТУ – 2019» бо тантана сурат мегирад. 

Дар ҷшнвора 18 театрҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун гузоштанд. 

Боиси зикр аст, ки Фестивал – озмуни Ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» ба 80 – солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудљон Воҳидов ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 22 апрел идома ёфта, дар доираи фестивали мазкур 18 театриҳои касбии кишвар намоишномаҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, пешниҳоди ҳакамони озмун ва тамошобинон намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ