21:08 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Этно-джазовый фестиваль в Душанбе

Пойтахти Тоҷикистон маркази фестивали байналмилалии этно-ҷаз мегардад

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
114 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон Фестивали байналмилалии этно-ҷаз бо иштироки гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Швейтсария, Олмон, Австрия, Нидерланд, Фаронса, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik.  Аз 26 то 28 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе шашумин Фестивали байналмилалии этно-ҷаз баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур гурӯҳҳои мусиқии машҳури ҷаз аз Швейтсария, Олмон, Австрия, Нидерланд, Фаронса, Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.

“Фестивали мазкур дар толори консертии “Кохи Суруш” баргузор гардида, давоми се рӯз меҳмонони фестивал имкон пайдо мекунанд, ки бо фарҳанги мусиқии кишварҳои Осиёю Аврупо ва Осиёи Марказӣ шиносоӣ пайдо намоянд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ қайд намудааст, ки зимни фестивал Тоҷикистонро устодони ҷази тоҷик, аз ҷумла гурӯҳи “Авесто”, “Навои Аҷам”, “Khalil brothers”, гурӯҳи “Роҳи Абрешим” бо роҳбарии Самандар Пулодов ва Иқбол Завқибеков намояндагӣ мекунанд.

Инчунин, дар доираи фестивали мазкур баргузории ҳамоиш дар мавзӯи “Роҳи рушди этно-ҷаз дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон” дар назар дошта шудааст.

Манбаъ зикр намудааст, ки мақсади аз баргузории фестивал-тарғибу ташвиқи ин жанри мусиқии касбӣ буда,  он бо ташаббуси Дафтари ҳамкории Швейтсария, Маркази фарҳангии “Бохтар” ва Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов баргузор мегардад.

Барчаспҳо:
мусиқӣ, овозхон, баргузор, пойтахт, Душанбе, фестивал, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ