10:31 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14

Ҷанҷол дар "шоу-бизнес": духтари Алсу дар "Голос.Дети" пирӯз шуд. Ҳамкасбонаш мухолифанд

© Sputnik / Евгений Одиноков
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
630 0 0

Максим Галкин, ровии телевизиони Русия ҷанҷолеро, ки атрофи натиҷаҳои барномаи "Голос.Дети" ба миён омад, тавзеҳ дод

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik.  Максим Галкин низ аз натиҷаҳои барномаи "Голос.Дети", ки дар натиҷаи овоздиҳии бинандагон духтари овозхон Алсу - Микелла Абрамоваи 10-сола пирӯз шуд, розӣ нест.

"Ба фикри ман Ержан Максим ва ё Анастасия Иванова ба пирӯзӣ лоиқ буданд. Ин кӯдакон овози табииву боқуввате доранд. Ман аз натиҷаҳо дар шигифтам. Ин бори аввал аст", - навиштааст вай дар Инстаграм.

Якҷо бо духтари Алсу дар ин давр, ки ниҳоӣ буд, Марям Абдулқодир, Валерий Кузаков, Рената Таирова, Ержан Максим, Михоил Григорян, Анастасия Сисаури, Роберт Багратян ва Нино Чеснер  мубориза мебурданд.

Ҳакамони ин давр, ҳунармандон - Пелагея, Валерий Меладзе ва Светлана Лобода буданд.

Пас аз пирӯзии духтари Алсу дар "Голос.Дети" тафтишот меравад.

Ба Микелла Абрамоваи 10-сола 56,5 дар сади тамошобинони телевизион овоз додаанд.

Микелла Абрамова - духтари ҳунарманди номии рус Алсу ва тоҷири муваффақ Ян Абрамов аст.

Дар саҳифаи Инстаграми Алсу ҳазорон нафар шарҳ навиштаанд, ки духтарак ба хотири хешовандони "бузургаш" пирӯз шуд. Аммо бархеҳо ҷонибдори пирӯзии ваянд.

 

Дар давраи ниҳоӣ Микелла бо суруди Юлия Началоваи ҷавонмарг "Герой не моего романа" (Қаҳрамони асари ман нестӣ) баромад кард. Пас аз ин ҳунарнамоӣ ҳиссаи овоздиҳандагони духтарак зиёд шуд ва ӯ тавонист муборизаро барои пирӯзӣ идома диҳад.

Мавзӯъҳои асосӣ