09:51 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото

Ситораҳои эстрадаи тоҷик ба Арабистони Саудӣ мераванд

© AP / Hadi Mizban
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
66010

Дар Арабистони Саудӣ рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Ин масъаларо дар шаҳри Риёз сафири Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар умури дипломатияи умумӣ  Сауд ибни Солеҳ Котиб баррасӣ намуд, хабар медиҳад равобити умумии ВУХ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин дидор, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.

"Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкории  фарҳангӣ, аз ҷумла доир намудани Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон, ки дар семоҳаи чоруми соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, зоҳир гардид",-омадааст дар хабарнома.

Ҷониби саудӣ аз сатҳи баланди пазироии Рӯзҳои фарҳангии Подшоҳӣ дар Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2018 баргузор гардида буд, изҳори сипос намуд.

Манбаъ афзуда, ки ҳар ду ҷониб изҳори умедворӣ намуданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон низ дар сатҳи муносиб баргузор гардида, ба густариши муносибатҳои  дӯстию ҳамкорӣ байни ду кишвар ва мардумони онҳо саҳм гузорад.

Мавзӯъҳои асосӣ