09:40 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дни культуры Таджикистана в Москве

Ситораҳои тоҷик фарҳанги кишварро ба Чин муаррифӣ хоҳанд кард

Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
73 0 0

Аз 15 то 22 майи соли равон дар Чин Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мегарданд

ДУШАНБЕ, 13 мая — Sputnik. Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар ду шаҳри Чин –Пекин ва Сиан бо иштироки Ансамбли рақсии “Гулрез”, Ансамбли созҳои миллии “Дарё”, инчунин ҳунарпешагони номӣ, Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон баргузор мегардад.

Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ҳайати Рӯзҳоро муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён роҳбарӣ мекунад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон қайд намудааст, ки санъат ва фарҳанги тоҷикро дар ин барнома  Ансамбли рақсии “Гулрез”, Ансамбли созҳои миллии “Дарё”, инчунин ҳунарпешагони номӣ, ба мисли Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон муаррифӣ хоҳанд кард.

Барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон 17 майи соли равон дар шаҳри Пекин ва 20 май дар шаҳри Сиан баргузор мегардад.

Дар доираи Рӯзҳо намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Барчаспҳо:
баргузор, ситораҳо, Чин, Рӯзҳои фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ