10:07 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Поэт Лоик Шерали, архивное фото

Нашри ду китоби Лоиқ дар Узбекистон: "Модарнома"-и шоирро тарҷума карданд

© Sputnik / Ратушенко
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
137 0 0

Китоби "Онагинам"- ро Одил Икром, шоири зодаи Исфара ба забони узбекӣ баргардондааст ва фарогири 58 шеъри ба модар бахшидаи Лоиқ мебошад

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ду китоби шоири мардумии Тоҷикистон Лоиқ Шералиро дар арафаи зодрӯзаш дар Узбекистон мунташир карданад. Дар ин бора шоири тоҷик Исмоил Зарифӣ дар саҳифаи Фейсбук хабар медиҳад.

"Дар арафаи зодрӯзи устоди зиндаёд Лоиқ Шералӣ ду китоби эшон дар Узбекистон бо номҳои "101 ғазал" ба забони тоҷикӣ ва "Онагинам", тарҷумаи тарҷумони пуркор Одил Икром бо забони узбекӣ бо ташаббуси шоир ва тарҷумони беҳамто Асадуллоҳ Исмоилзода ба табъ расидаанд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Дар китоби аввал Асадуллоҳ Исмоилзода беҳтарин ғазалҳои Лоиқ Шералиро гулчин намудааст ва бо сифати баланд интишор намудааст.

Китоби "Онагинам"- ро Одил Икром, фарзанди барӯманди Исфарамарз ба забони ӯзбекӣ баргардондааст ва фарогири 58 шеъри ба модар бахшидаи шоир мебошад.

Лоиқ Шералӣ - шоири мардумии Тоҷикистон 20 майи соли 1941 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, 30 июни соли 2000-ум дар Душанбе вафот кардааст. Ҳамасола 20 май ҳаводорони шоир зодрӯзашро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он таҷлил мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ