06:53 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Евровидение-2019

Дар Кремл ҳунарнамоии Лазеревро дар "Евровидение-2019" арзёбӣ карданд

© Sputnik / Владимир Астапкович
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
92 0 0

Дар Кремл ҳунарнамоии Сергей Лазаревро бо суруди Scream дар "Евровидении-2019" шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Кремл ҳунарнамоии Сергей Лазеревро дар озмуни байналмилалии "Евровидение-2019" шарҳ доданд.

Ба гуфти сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков, ҷойи сеюм-мақоми баланд аст.

"Мо коршисони ин соҳа нестем, наметавонем арзёбӣ кунем. Танҳо Вазорати фарҳанг метавонад бо касбият арзёбӣ кунад. Вале ҷойи сеюм-мақоми баланд аст,-гуфт Песков дар посух ба суоли рӯзноманигорон.

Ёдоварӣ мекунем, ки рӯзи 18 май дар шаҳри Тел-Авиви Исроил озмуни бонуфузи байналмлалии "Евровидение-2019" ҷамъбаст шуд. Дар ин озмун 26 сароянда рақобат карданд.

Сарояндаи рус Сергей Лазарев бо иҷрои суруди “Scream” (фарёд) дар даври ниҳоии "Евровидение-2019" мақоми сеюмро соҳиб гашт.

Дар пайи овоздиҳӣ Лазарев бо 369 хол, ки 125 холашро тамошобинон ва 244 холро доварони касбӣ доданд, дар мақоми сеюм қарор гирифт.

Суруди “Scream”-ро овозхон ва оҳангсози Русия, Филипп Киркоров, оҳангсоз аз Юнон Димитрис Контопулос ва мусиқачӣ аз ИМА Шарон Вон эҷод кардаанд.

Баҳои ҳадди аксар – 12 холро ба Русия танҳо як кишвар – Озарбойҷон сазовор донистааст.

Алоев, ҳунарманди 83-солаи Тоҷикистон дар саҳнаи “Евровидение-2019”- видео

Мақоми аввалро дар “Евровидение-2019” овозхон аз Нидерланд, Дункан Лоуренс соҳиб гашт.

Мавзӯъҳои асосӣ