19:25 05 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Город Душанбе, архивное фото

Дар шаҳри Душанбе имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон оғоз мегардад

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
59 0 0

Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад. Дар доираи рӯзҳои фарҳанг баргузории яқ қатор барнмаҳои фарҳангӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik.  Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар  шаҳри Душанбе бо намоиши филми ҳунарии австриягии “Муҳоҷират” бо навиштаҷоти зер бо забони русӣ дар кинотеатри “Зебуннисо” оғоз мегардад.

Рӯзи 23 май дар толори асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон маросими ифтитоҳи намоишгоҳи асарҳои рассоми маъруфи Австрия Густав Климт баргузор мегардад.

Силсилаи барномаҳои фарҳангӣ ба ин муносибат бо консерти мусиқии классикӣ рӯзи 24 май дар толори Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон хотима меёбад.

Рӯзҳои фарҳанги Австрия дар Тоҷикистон бо ибтикори сафоратхонаи Австрия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Нур-Султон, Қазоқистон) дар ҳамдастӣ бо Вазорати маорифу илм ва таҳқиқоти Австрия ва Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои хориҷии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
Душанбе, Австрия, Рӯзҳои фарҳанг, фарҳанг, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ