08:23 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Данғара, акс аз бойгонӣ

Аз тахрибкории аҷнабиён то танга бо акси шоҳ: дастур барои таҳқиқи таърихи Пушинг

CC BY 2.0 / Хадамоти матбуот
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
249 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҷамоати деҳоти Пушинг аз ҷумлаи мавзеъҳои бисёр бостонии кишвар мебошад

ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон  имрӯз зимни боздидаш аз деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара гуфт, дар асари “Тоҷикон”- и Бобоҷон Ғафуров ин мавзеъ ба сифати як гӯшаи қадимаи кишварамон дар давраҳои гуногуни таърихӣ борҳо зикр шудааст. 

“Соли 1954 Пушинг аз ҷониби бостоншиносон мавриди ҳафриёт қарор гирифта, баъди таҳқиқоти илмӣ аз дохили гаҳворасангҳои деҳа ба миқдори зиёд тангаҳои тиллоии мансуб ба замони Кушониён бо акси шоҳ ёфт шудааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзуд, ин ва бисёр далелҳои дигар гувоҳӣ медиҳанд, ки Пушинг аз қабили деҳаҳои қадимтарини Осиёи Миёна ба ҳисоб рафта, дар замонҳои куҳани таърихӣ, ҳамчунин бо номи Ҳушанг низ ёдовар  шудааст.

“Дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ аз ҳудуди деҳа осори се қабати таърихии рӯзгори сокинони он ошкор шудаанд, вале онҳо то ба ҳол мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор нагирифтаанд. Дар ҳудуди деҳаи Пушинг се қалъа вуҷуд доштааст, ки бар асари ҳуҷумҳои аҷнабиён хароб гардидааст”, - иттилоъ дод Раҳмон.

Ӯ илова намуд, ки дар деҳа оташдонҳои оҳангудозӣ, шабакаҳои махсуси обёрӣ ва хатти оби ошомиданӣ фаъолият мекардаанд, ки нишонаҳои онҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд.

“Бинобар ин, бо итминон метавон гуфт, ки дар байни сокинони Пушинг ғайр аз кишоварзиву чорводорӣ, инчунин, ҳунарҳои кулолгарӣ, оҳангудозӣ ва косибӣ  низ ривоҷ доштаанд. Пушинг, ҳамчунин, яке аз марказҳои илму фарҳанг ва ҳунармандии минтақа ба шумор мерафтааст”, - изҳори боварӣ намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо Кумитаи рушди сайёҳиро муваззаф кард, ки омӯзиши мавзеъҳои таърихии ин гӯшаи диёрамонро ба роҳ монда, барои ҷалби сайёҳон ба ин макон маводи таблиғотӣ ва муаррификунандаи ҳунару фарҳанги сокинони онро таҳия ва интишор намоянд.

Барчаспҳо:
сафар, Данғара, таҳқиқ, таърих, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ