02:22 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Духтар, акс аз бойгонӣ

Нашри клипи Қадами Қурбон бо Мино ва “рекорд”-и нав – видео

CC0 / Pixabay
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
2487 0 0

Саҳифаи “peshsaf tj” дар шабакаи Ютуб суруд ва намоҳанги ҷадиди овозхонҳо Қадами Қурбон ва Миноро пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Намоҳанги нав зери унвони “Умираю” пешниҳод шуда, онро тайи соатҳои аввали нашраш дар Ютуб наздики 400 ҳазор бор тамошо кардаанд, ки аз нишондодҳои “рекордӣ” ба шумор меравад. Матни суруди навро Орзу Исо ва оҳангро Илҳом Муродов эҷод кардаанд.

Дар намоҳанг Қадами Қурбон нақши пуфакфурӯш ва пешхизматро бозида, дар пайи талошу пойфишорӣ ва шӯхиҳояш дили Миноро ба даст оварда, дар охир ӯро бо либосу рӯймоли тоҷикӣ пушти “мотосикл” бо худ мебарад. Ин дуюмин намоҳанги Қадами Қурбон мебошад, ки баҳори ҷорӣ пешниҳоди мухлисон гардид.

Клипи нахустини ӯ бо номи “Азизам” бо дастгирии овозхон Ҷонибек Мурод таҳия шуда, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи имсол пешниҳоди мухлисон гардида буд.

Мавзӯъҳои асосӣ