09:46 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Джурабек Муродов и афганский певец Ахмад Зоир

Хотироти Ҷӯрабек Муродов аз мулоқоте, ки бо Аҳмад Зоҳир як моҳ пеш аз маргаш дошт - Видео

© из личного архива Джурабека Муродова
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
148210

Чанд сурудро иҷро кардаму навбати таронаи "Дили модар" омад. Ҳамин вақт, чашмам ба марди миёнақаду зебое афтод, ки дар даст гулдаста ба саҳна мебаромад. Салом кард ва гуфт, ки Аҳмад Зоҳир аст. Дубора якдигарро ба оғӯш гирифтем. Тамоми толор аз ҷой хеста кафкӯбӣ мекард...

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Аз марги Аҳмад Зоҳир, ҳунарманди машҳури афғон, ки бо лақаби булбули Шарқ низ ёдаш мекунанд, имрӯз 40 сол гузашт. Аҳмад Зоҳир 14 июни соли 1946 дар Афғонистон ба дунё омадаву дар ҳамин рӯз соли 1979 дар пайи як садамаи маргбор ҳалок шудааст.

Мухлисони ин ҳунарманди номӣ дар Тоҷикистон низ кам нестанд. Дар 30-умин солгарди марги Аҳмад Зоҳир ҳунарманди мардумии тоҷик Ҷӯрабек Муродов аз вохӯриаш бо ин ҳунарманд  ёд оварда буд, ки ҳамагӣ ба як моҳ пеш аз маргаш иттифоқ афтода буд.

Ҳамчунин  чанде пеш сомонаи "Имрӯз Нюс" бо Файзалӣ Саидов ном тарҷумоне сӯҳбат карда буд, ки шоҳиди бевоситаи ин мулоқоти ҳунармандони тоҷик бо булбули Шарқ буд ва муаллифи ҳамон ду акси торихӣ низ аст.

Ахмад Зоира
Ахмад Зоира

Ҳамин тавр, соли 1979 гурӯҳи овозхонҳои тоҷик, аз қабили Ҷӯрабек Муродов, Нигина Раупова вориди Кобул мешаванд ва 3 рӯз консерт мегузоранд. Ҷӯрабек Муродов ин сафарашро чунин ёд меорад:

- Соли 1979 ман унҷони Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравиро гирифтаму 15 майи ҳамон сол маро бо сафари ҳунарӣ ба Афғонистон равон карданд.

Он вақт Аҳмад Зоҳир дар дунёи ҳунар инқилобе карда буд ва хело машҳур буд. Ният кардам, ки дар ин сафар ҳатман бо Аҳмад Зоҳир во мехӯрам.

Рӯзи аввале ки ба Афғонистон ворид шудам, аз ду масъули фарҳанг, хоҳиш кардам, то ба Аҳмад Зоҳир расонанд, ки бо ӯ дидор кардан мехоҳам ва онҳо гуфтанд "ба чашм".

"Аммо 2 рӯз гузашту натиҷае нест. Рӯзи севум  ба он ду масъули афғон гуфтам, ки ё шумо гапи маро нарасонидед ва ё назари Аҳмад Зоҳир маро нагирифт. Равед ва гӯед, ки ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ хоҳиш дорад", - меафзояд ҳунарманд.

 - Рӯзи охирони консерти мо буд. Нигинабону ҳунарнамоӣ карданд, Бурҳон Раҳмонов ровигӣ мекард ва Мавлуда Ҷабборова рақс мекарданд сипас навбати ман омад...

Чанд суруд хонадам ва саранҷом навбати таронаи  "Дили модар" расид.

Ҳамин вақт, марди миёнақади зебо бо дастаи гул ба саҳна баромад. Аҳмад Зоҳирро то ин дам надида будам ва танҳо ба воситаи овозаш мешинохтам. Ӯ маро ба оғӯш гирифту гуфт, ки Аҳмад Зоҳир аст. Аз нав якдигарро оғӯш кашидем. Аҷиб лаҳзаҳое буданд, тамоми мардум аз ҷой бархоставу қарсак мезаданд.

"Ман ҳам дар бораи модар бисёр хондаам, аммо ин таронае, ки ту сурудӣ, ҷигари маро реш-реш кард", - гуфт Аҳмад Зоҳир.

Маслиҳат кардем, ки ман чанд таронаи дигаре мехонам ва мо сӯҳбатро идома медиҳем.  Консерт тамом шуд ва тарҷумоне ки ҳамроҳи мо буд - Файзалӣ аксгирак доштааст, моро акс бардошт.

Аммо соати комендантӣ наздик мешуду фурсати мулоқот бо Аҳмад Зоҳир кам мемонд. Ман ӯро ба хона даъват кардам ва ӯ дар посух гуфт, ки ман меҳмони Афғонистонаму бояд хонаи ӯ равам. ҳамин тавр ба қарор омадем, ки фардо ман ба хонаи Аҳмад Зоҳир меҳмон мешавам.

Фардо аз Тоҷикистон барқия гирифтем, ки бояд дарҳол ба кишвар баргардем. Мутассифона фурсати дигари сӯҳбат нашуд...

Файзалӣ Саидов муаллифи аксҳои торихӣ  мегӯяд, ки он вақт бо гирифтани ду акс  лентаи дастгоҳаш ба анҷом мерасаду наметавонад худаш бо Аҳмад Зоҳир акс мегирад. Аҳмад Зоҳир аз Файзалӣ Саидов хоҳиш мекунад, ки аксҳои гирифтаро омода карда, ба ӯ орад ва ҳамзамон ҳамроҳаш акс гирад.

"14 июни соли 1979. Аксҳо омода шуданд. Худи ҳамон рӯз азми ба назди Аҳмад Зоҳир рафтанро кардам. Ногаҳон хабари шуме ба гӯшам расид - сарояндаи машриқзамин - Аҳмад Зоҳир ҳангоми гузаштан аз ағбаи Соланг дар тасодуми автомобилӣ ҳалок шуд…", - ба ёд меорад Саидов.

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир бештар аз 600 сурудро дарбар мегиранд. Ҳунарманд бо забони дарӣ, пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруд хондааст.

Мавзӯъҳои асосӣ