Вазорати фарҳанг роҳи "ҷазо"-и мутахассисони коргурезро меҷӯяд

© SputnikЗдания Министерства культуры и Счетной палаты
Здания Министерства культуры и Счетной палаты - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вазорати фарҳанги масъалаи тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати муовини вазири фарҳанг Зевар Давлатзода ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии тобеи вазорат ҷаласа баргузор гардид.

Ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ҷаласа қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №260 «Дар бораи тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд» ва нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои он баррасӣ гардидааст. 

Дар санади мазкур гуфта шудааст: 

«Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

  • Тартиби баргардонидани маблағҳо аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, тасдиқ карда шавад.
  • Вазорату идораҳо, ки дар сохторашон муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ доранд, баргардонидани маблағҳоро аз ҷониби мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил намудаанд, дар асоси Тартиби мазкур таъмин намоянд.
  • Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2009, №391 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои баргардонидани маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон, ки тибқи роҳхат ба ҷои кор ҳозир нашудаанд», аз эътибор соқит карда шавад».

Тибқи тартиби мазкур минбаъд мутахассисони ҷавоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанд, дар ҳолати бе сабабҳои узрнок ба ҷои кори бо роҳхат равон шуда ҳозир нашудан, саркашӣ кардан, ё бо сабаби вайрон кардани қонунгузории меҳнат то давраи ба охир расидани мӯҳлати ҳатмии кор, ки се солро ташкил медиҳад, аз кор ронда шудан маблағе, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таҳсили ӯ харҷ шудааст, бояд баргардонад.

Манбаъ афзуда, дар ҷаласа дар идомаи мавзӯи мазкур дигар масоили марбути таҳсилоти олӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба кор мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Лентаи хабарҳо
0