Эмомалӣ Раҳмон гуфт ба духтарони ҷавон нонпазиро омӯзонед

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон ба занони таҷрибадори ноҳияи Сангвор дастур дод, ки ба духтарони ҷавон тарзи омода намудани нонҳои болаззатро омӯзанд

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрӯз, 24 июн, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор аз гӯшаи намоишгоҳи кишоварзӣ дидан намуд.

Бино ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, дар намоишгоҳ намунаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои дастӣ, ки расму анъанаҳои мардуми кӯҳистонро таҷассум мекарданд, ба маъраз гузошта шуд.

"Раисиҷумҳур ҳунари волои кадбонуҳои ин ноҳияи дурдасти кишварро, ки дар ин намоишгоҳ ба пӯхтани нонҳои лазиз машғул буданд, шоёни таҳсин хонда, барои омӯзиши он ба ҷавондухтарон дастуру ҳидоятҳо доданд",-омадааст дар хабарнома.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЛепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства
Эмомалӣ Раҳмон гуфт ба духтарони ҷавон нонпазиро омӯзонед - Sputnik Тоҷикистон
Лепешки, испеченные к празднованию Дня национального единства

Таъкид гардид, ки бо ҳидоятҳои бевоситаи  Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунару анъанаҳои миллӣ тадбирҳои зиёд андешида мешаванд ва таваҷҷуҳи ҷавондухтарон тайи солҳои охир ба омӯзиши онҳо бештар гардидааст.

Эмомали Рахмон в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Ҳама ба футбол: Раҳмон дар Тавилдара майдончаи варзишӣ ифтитоҳ кард

Дар намоишгоҳ ба раисиҷумҳур ҳамчунин занбӯрпарварони номдори ноҳияи Сангвор намудҳои гуногуни асали табииро, ки аз гулу гиёҳҳои нотакрори ин гӯшаи дорои табиати кишвар омода мешаванд, муаррифӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки иқлими ноҳияи Сангвор барои занбӯрпарварӣ хеле мувофиқ буда, кишоварзон ҳамасола бо афзун намудани оилаҳои занбӯри асал маҳсулоти зиёди аз ҷиҳати экологӣ тозаву табобатӣ ба даст меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Ваҳдати миллӣ ба водии Рашт рафт

Феълан дар ноҳияи Сангвор шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 12 ҳазору 900 адад мерасад ва занбӯрпарварон нақша доранд, ин нишондодро боз ҳам афзун ва дар таъмини сокинон бо асали табиии худӣ ва содироти он ба хориҷ аз кишвар саҳми назаррас дошта бошанд.

Лентаи хабарҳо
0