02:15 22 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.15
Посол Соединенных Штатов Америки в Таджикистане Джон Марк Поммершайм принял участие на церемонии открытия исторического медресе Оим

Азнавсозии мадрасаи Оим дар шаҳри Конибодом ба анҷом расид

© Посольство США в Таджикистане
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ҳамроҳ бо намояндагони ҳукумати маҳаллии Конибодом дар маросими ифтитоҳи ёдгории таърихӣ – мадрасаи Оим, ки аввалин таълимгоҳ барои занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад, иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар доираи барномаи Хазинаи сафирони Амрико барои нигаҳдошти мероси фарҳангӣ (AFCP), Сафорати Амрико ба созмони ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” грант дар ҳаҷми 77 154 доллар барои тармиму азнавсозии утоқҳо, деворҳо ва боми мадраса, тақдим намуда буд.

Созмони ҷамъиятии “Имдоди Ғайрат” дар ҳамкории бо ҳукумати маҳаллии шаҳри Конибодом  азнавсозии мадрасаи Оимро ба анҷом расонид. Мадраса дар айни замон ба сифати осорхона фаъолият карда, таҳти назорати Вазорати фарҳанг қарор дорад.

Мадрасаи Оим, ки дар ибтидои асри XIX (сс. 1824-1825) бо ҷалби ҳунармандони маҳаллӣ бунёд шуда буд, иншооти нодири таърихӣ ба шумор меравад. Дар он бонувон таҳсил менамуданд. Ҳукумати Тоҷикистон ин ёдгории фарҳангиро дар Феҳристи ёдгориҳои таърихию меъморӣ ба қайд гирифтааст.

Қироати шеъри Рӯмӣ ва саломи тоҷикӣ: паёми сафири нави Амрико дар Тоҷикистон

Таваҷҷўҳи асосии Барномаи AFCP, ки назди Сафорати Амрико фаъолият мекунад, ба ҳифзи ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар кишварҳои мизбон равона шудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки аз соли 2001 Барномаи AFCP ба 17 лоиҳа дар Тоҷикистон кумаки молиявӣ расондааст. Тақрибан 620 ҳазор доллар барои нигоҳ доштани ёдгориҳои нодири фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҷудо карда шуд. Лоиҳаҳое, ки қаблан кумаки молӣ  гирифтанд, дар самти ҳифзу ҳимояи мадрасаи Хоҷа Машҳад, ки дар асри IX сохта шудааст, Мақбара дар Шаҳритуз, нақшҳои рўйдеворӣ дар Қасри Поёни Панҷакенти Бостонӣ, Мадрасаи Куҳна дар Ҳисор, ки дар асри XVI сохта шудааст, ва инчунин барқарорсозӣ ва ҳифзи маҷмўаи ашёҳои қадима дар Осорхонаи давлатии осори атиқа фаъолият мекунанд.

Амрико ба КДАМ таҷҳизоти амниятӣ бо арзиши 3,8 миллион доллар тақдим кард

Манбаъ ёдрас шудааст, ки аз соли 1992  инҷониб Амрико ба ҳаҷми беш аз 1,8 миллиард доллар кумак расонидааст. Ин маблағ тариқи барномаҳо ва ёрии башардӯстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона гардидааст.

Барчаспҳо:
кумаки молӣ, кумак, Амрико, Суғд, таърихӣ, ёдгориҳо, Тоҷикистон, Конибодом

Мавзӯъҳои асосӣ