16:43 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Гастроли Большого московского цирка на воде в Душанбе

Сафари ҳунарии Сирки давлатии Тоҷикистон ба ВМКБ

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
32 0 0

То имрӯз барномаҳои сиркӣ дар ноҳияиҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва дигар ноҳияҳо сурат гирифтанд

ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Ҳунарпешаҳои Сирки давлатии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сафари ҳунарӣ доранд.

Ба гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз 1 то 10 июли соли 2019 барномаҳои ҷолиби сиркӣ бо иштироки масхарабозон, акробатҳо, дорбозҳо, инчунин ҳайвонҳои ромшуда ба мисли маймуну хирс пешкаши сокинони ВМКБ гардид.

Боиси зикр аст, ки то имрӯз барномаҳои сиркӣ дар Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва дигар ноҳияҳо сурат гирифтанд.

Пештар хабар дода шуд, ки ҳунари сиркбози тоҷик доварони Ҷашнвораи байналмилалиро ба ваҷд овард.

Сиркбози тоҷик доварони ҷашнвораи Қазоқистонро ба ваҷд овард

Дар Ҷашнвораи байналмилалии "Акси садои Осиё" дар Қазоқистон, сиркбози ҷавони тоҷик Муҳаммад Шарифзода ҳунарнамоӣ кард, ки аз ҷониби ҳакамон ва тамошобинон баҳои баланд гирифт.

Ҳадаф аз баргузории ҷашнвораи мазкур муаррифии санъати сиркии кишвар гуногун ба ҳамдигар ва мустаҳкам сохтани робитаҳои ҳамкорӣ байни ҳунарпешагони сиркии давлатҳои гуногун мебошанд.

Салим Муъминов: дар Қӯрғонтеппа сирк бунёд мекунам

Манбаъ афзуда, ки Муҳаммад Шарифзода сиркбози ҷавон ва боистеъдоди тоҷик буда, дар чандин озмун ва фестивалҳои байналмилалӣ сазовори ҷойҳои арзанда гардида, обрӯи сирки тоҷикро баланд бардоштааст.

Барчаспҳо:
Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ, Дарвоз, чорабинӣ, Сирки давлатӣ, Бадахшон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ