01:24 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Ахмад Зоира

Нашри навори нодири ҳунарнамоии Аҳмад Зоҳир дар интернет - Видео

© Имруз Нюс
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Дар интернет ҳудуди як дақиқа навори ҳунарманмои булбули Шарқ Аҳмад Зоҳир нашр шудааст. Ҳунарманд дар он таронаи "Вой борон"-ро мехонад

Дар интернет навори нодири ҳунарнамоии Аҳмад Зоҳир, ки бо лақаби булбули Шарқ машҳур аст, нашр шудааст.

Наворро канали "Аралаш видео" бознашр кардааст, ки ҳудуд як дақиқа идома меёбад.

Зоҳиран он дақиқае аз яке аз консертҳои баргузоркардаи ҳунарманди маҳбуб мебошад ва Аҳмад Зоҳир дар он хело ҷавон ба назар мерасад.

Дар навор ӯ таронаи машҳури "Вой борон"-ро мехонад.

 

Аҳмад Зоҳир  — сароянда ва оҳангсози номии афғонистонӣ. Хатмкардаи литсеи "Ҳабибия" ва Дорулмуаллимини Кобул, муддате дар шаҳри Деҳлӣ  дар риштаи таълиму тарбия таҳсил намудааст. Аз 15-солагӣ ба сурудхонӣ шурӯъ намуда, нахустконсерташро дар 18-солагӣ доир кардааст. Овози форам, маҳорату малака ва дониши хуб дар интихоби матну оҳанг ва тарзи нави иҷрои суруд ба ӯ имкон доданд, ки дар муддати кӯтоҳ шӯҳрат ёбад.

Феҳристи таронаҳои Аҳмад Зоҳир беш аз 600 сурудро дар бар мегирад, ки асосан ба забони дарӣ ва чанде ба за­бонҳои пашту, ҳиндӣ, англисӣ ва русӣ суруда шудаанд.

Оҳангу таронаҳояш аз рӯйи сабку шеваи иҷро асосан дар пайравии оҳангҳои анъанавии миллӣ ва қисман сабки мусиқии ҳиндӣ ва ғарбӣ эҷод шудаанд. Бар асоси оҳанг­ҳои такмилдодаи халқӣ низ таронаҳои зиёде сурудааст. Барномаи бебаҳояш аз эҷодиёти қариб сад шоири пешину муосири форс-тоҷик гулчин шудааст. Ба мавзӯъҳои ишқӣ, ватандӯстӣ-иҷтимоӣ зиёдтар таваҷҷуҳ намудааст. 

Дар Тоҷикистон суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир маҳбубияти зиёд доранд. Бисёр сарояндагони тоҷик дар пайравии ӯ таронаҳо месароянд. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти Аҳмад Зоҳир садҳо лавҳаву мақола ва китобҳои алоҳида нашр шудаанд.

Аҳмад Зоҳир соли 1979 дар пайи садамае дар Кобул ба ҳалокат мерасад.

Мавзӯъҳои асосӣ