18:49 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Фестиваль культур России и Таджикистана, Памир-Москва

Дар шаҳри Хоруғ ҷашнвораи байналмилалии "Боми ҷаҳон" баргузор мешавад

Sputnik / Стас Этвеш
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
358 0 0

Дар шаҳри Хоруғ дуюмин Ҷашнвораи байналмиаллии фарҳангӣ ва сайёҳии "Боми ҷаҳон" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 15 июл Sputnik. 26- 28 июли соли 2019 дар Боғи марказии шаҳри Хоруғ Дуввумин ҷашнвораи байналмилалии фарҳанг ва сайёҳӣ таҳти унвони "Боми ҷаҳон" баргузор мегардад.

Ба гузориши Вазорати фарҳанг, дар ҷашнвора, меҳмонон аз УзбАкистон, Қирғизистон, ИМА, Латвия, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон, инчунин вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат хоҳанд кард.

Дар ҷашнвора, баргузории барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дарсҳои сайқали маҳорат, намоиши филмҳои ҳуҷҷатӣ дар назар аст. 

Аксҳои Аълоҳазрат Оқохони IV, оятҳо аз Қуръон ва рэп: таҷлили "Рӯзи Имомат" дар Маскав

Гуфта мешавад, ки ташкилкунандаи асосии ҷашнвора ИҶ "Амеша Спента" буда, ҳомии асосӣ Дафтари Шветсария оид ба ҳамкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

“Хушҳолӣ муборак”-дар Маскав бахшида ба мавлуди Оқохони IV консерт баргузор гардид

Read more: https://sputnik-tj.com/style/20161212/1021284822/Hushholi-Muborak-dar-Maskaw-ruzi-Mawludi-Oqohon.html

Манбаъ афзуда, ки чоранибӣ бо дастгирии ҳукумати ВМКБ, маркази фарҳангии "Бохтар" ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ сурат мегирад.

Барчаспҳо:
Ҷашнвораи "Боми ҷаҳон", Хоруғ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ