Раиси Кумитаи дин гуфт, кишварҳои ҳамсоя қонуни танзими Тоҷикистонро омӯхта истодаанд

© © Sputnik / Амир ИсаевПраздничный дастархан на праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон
Праздничный дастархан на праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, кишварҳои хориҷӣ ба таҷрибаи Тоҷикистон дар бахши танзими ҷашну маросимҳо таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Давлатзода имрӯз, зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст, ки Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон бо мақсади омӯхтани таҷрибаи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  дархост ирсол намуданд.

Паломничество в Мекку - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон талабгорони Ҳаҷ коҳиш ёфтаст, сабаб дар чӣ бошад?

“Ин, албатта, табиати инсонӣ буда, дар дигар мамлакатҳо низ ба назар мерасад. Шаҳрвандон дар маросим мабағҳои ҳангуфт сарф мекунанд, то он як ё ду рӯз миёни мардум овоза шавад. Ҷойи пинҳонӣ ҳам нест, масалан танҳо дар Қиғизистон сокинон маъракаҳои серхарҷ доир мекунанд”, - хабар додааст “Ховар” аз қавли Давлатзода.

Ӯ афзудааст, ки ба ҳамин хотир ҷониби Қазоқистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои омӯхтани таҷрибаи қонуни танзим ба Тоҷикистон дархост ворид гардидааст.

Ба иттилои раиси Кумитаи дин қабули қонуни мазкур барои беҳбуди накӯаҳволии мардум дар Тоҷикистон мусоидат кардааст.

“Қонуни танзим ба хотири пешгирии зиёдаравӣ қабул гардида, натиҷаҳои назаррас низ дар пай гузошт. Вале, мутаассифона, боз нафароне пайдо мешаванд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита меъёрҳои қонунро риоя накунанд”, - изҳор дошт Давлатзода.

Дар шаш моҳи соли равон 375 ҳолати нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба қайд гирифта шуда, дар ин давра аз тарафи судҳо 368 адад парванда баррасӣ ва зиёда аз 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ  ҷарима таъин шудааст.

Лентаи хабарҳо
0