Баъди ханда ба ҳоли дигаре: муш дипломҳои Меҳрнигорро дар хонаи хобаш хӯрд-видео

© Facebook / Mehrnigor RustamТаджикская певица Мехрнигори Рустам
Таджикская певица Мехрнигори Рустам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муш дар хонаи хоби Меҳрнигори Рустам, овозхони шинохтаи тоҷик 2 диплом ва шиносномаашро хӯрдаст

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Муш дар хонаи Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик, 2 диплом, шиноснома ва асноди дигарашро хӯрдааст

Меҳрнигори Рустам, ки аввали моҳи равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурхи ҳуқуқшиносӣ хатм кард, дар саҳифааш дар Инстаграм ин санади газидаю сӯрохкардашударо нишон дод.

Публикация от Mehrnigormusic/Singer,Composer (@mehrnigormusic)

Ӯ нақл кард, ки чанде пеш дар сомонаҳо дид, ки маблағҳои мардеро муш хӯрдааст ва ин барояш хеле хандаовару  боварнокарданӣ буд.

“Рости гап, бисёр хандаовар буд, бовар накардам ба ин чиз”, - изҳор дошт Меҳрнигор ва афзуд, ки баъди ду рӯзи ин ҳодиса худаш низ ҳадафи тахрибкории муш қарор гирифтааст.

Ба иттилои овозхон муш, 2 диплом – аз Донишгоҳи миллӣ ва Конесерваторияи миллӣ, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳояшро хӯрдааст.

Ситораҳои тоҷик бо дархости Sputnik "смайлик" иҷро карданд

Ӯ аввали моҳи равон дар саҳифаи фейсбукияш аз хатми Донишгоҳи миллӣ бо дипломи сурх хабар дода, изҳор дошта буд, ки  устодон нисбати таҳсилаш дар факулта сахтгир буданд ва ӯ ба ин мартаба расид.

"Ранги сурх рамзи муваффақият, талош, зафармандӣ ва сурхрӯиву сарбаландӣ аст. Гирифтани дипломи сурх, рухдоди муҳиме дар ҳаёти ман аст. Аз тамоми устодони кафедра миннатдорам, ки бо сахтгириашон маро мутахассиси риштаи ҳуқуқ карданд", - навишта буд Меҳрнигор.

Лентаи хабарҳо
0