14:35 15 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

“Умри ширин”- и Афзалшо:  консерти ваъдагӣ баъди муолиҷа дар Олмон

© Sputnik / Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
1917 0 0

Баъди қариб 100 рӯзи интизорӣ, консерти ду рӯзаи Афзалшо Шодиев бо номи “Умри ширин”, дар Хуҷанд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Масъулони баргузории консерти Афзалшо Шодиев тибқи як эълон, аз баргузории консерти ду рӯзаи ҳофиз дар рӯзҳои 7-8- уми август дар “Қасри ҷавонон”и ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд иттилоъ медиҳанд.

Мухлисони ҳофиз, ин барномаи консертиро дар Хуҷанд, беш аз 90-рӯз боз интизор буданд. Зеро баргузории консерт, аз рӯзҳои 30-уми апрел ва 1-уми май ба ин тараф, чанд дафъа, аз ҷумла як маротиба ба рӯзҳои 11-12-уми май ва баъдан ҳам ба моҳи июн  ба таъхир гузошта шуд.

Таъхир дар баргузории ин барномаи консертӣ, ба сафари табобатии ҳофиз дар Олмон шарҳ дода мешуд.

Аз идораи “Қасри ҷавонон” ба номи Лоиқ Шералӣ дар Хуҷанд мегуфтанд, ки бо вуҷуди он, ки дар баргузории консерти Афзалшо таъхир сурат гирифтааст, вале ҳудуди 1200 мухлис, ки барои иштирок дар барномаи ду рӯзаи консертӣ чипта харида буданд, хоҳиши бозпас гардонидани онро надошта, балки рӯзи баргузории ҳунарнамоии овозхонро интизор буданд.

Афзалшо Шодиев саҳарии 7-уми июл баъд аз тақрибан ду моҳ аз  табобату истироҳати  Олмон баргашт, ки аз нашри аксҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле хушҳол дида мешуд.

Ҳоло акнун баргузории консерти деринтизори ҳофиз дар рӯзҳои 7-8- уми август дар Хуҷанд доир мешавад. 

Афзалшо Шодиев аз ҳофизоне гуфта мешавад, ки барномаҳои консертиашро бо овози зинда баргузор мекунад. Ба ҷуз сурудаҳои баландмазмунаш дар васфи ватан ва ҷавонӣ, инчунин ӯро сӯҳбатҳояш бо лаҳҷаи мардуми хоси Хуҷанд ва минтақаҳои Суғд маҳбуби мухлисон гардонидааст.

Афзалшо Шодиев ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва сар аз соли 2014 роҳбарии Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, ниҳоди консертии тобеъи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар ӯҳда дорад.

Барчаспҳо:
муолиҷа, Олмон, консерт, Афзалшо Шодиев

Мавзӯъҳои асосӣ