03:40 16 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Бузи Пармашох, акс аз бойгонӣ

Видеои қиматтарин шикор дар Тоҷикистон - навор

© Sputnik / Евгения Новоженина
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
155301

Ширкати сайёҳие, ки ба ташкили шикор дар нуқоти гуногуни ҷаҳон машғул аст, навори сайди бузи Пармашох, ё худ Морхурро дар ҷануби Тоҷикистон нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шикори Морхур қиматтарин дар Тоҷикистон ба шумор рафта, арзиши иҷозаи сайди як бузи Пармашох ҳудуди 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шикоре, ки ахиран навораш дар интернет нашр шуд, моҳи ноябри соли 2018 сурат гирифтааст. Дар охири навор шикорчӣ аз меҳмоннавозии мардум таъриф карда, бо таъкиди нархи гарон доштани ин навъи шикор афзудааст, ки ин маблағ барои беҳбуди вазъи мардуми маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамасола Ҳукумати Тоҷикистон ҳудуди 6 иҷозатномаи шикори бузи Пармашохро ироа мекунад. Теъдоди умумии бузи Пармашох дар Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор сар арзёбӣ мешавад.

Инчунин дар Тоҷикистон барои шикори гӯсфанди “Марко Поло” маҳдудият ҷорӣ шуда, имсол барои шикори 105 сар квота ҷудо шудааст. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон соли ҷорӣ нархи иҷозаи шикори як гӯсфанди “Марко Поло” 55 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ