13:40 19 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.46
  • RUB0.14
Концерт в память барда Лидуша Хабибо в Душанбе, Далер Назаров

Ҳимояти Далер Назаров аз вазир: ӯ гуфт худаш чӣ мехоҳаду чиро не

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
131430

Дар пасманзари суҳбатҳо аз зарурати додани мукофоту унвон ба Далер Назаров, худи ӯ бо нашри як изҳорот гуфт, зарур нест ва намехоҳад барои номи ӯ нафари дигар – Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон мавриди пурсишҳо қарор бигирад

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Далер Назаров бо нашри як изҳорот гуфт, мусиқӣ барои ман кор нест, ин ҳаёт, муҳаббат ва роҳати ман аст.

“Чаро бояд барои коре, ки роҳатбахшам аст, ба ман мукофот диҳанд? Ин монанди додани ҷоиза барои нафаскашӣ мебуд. Ман ин корро мекунам, чун наметавонам, ки анҷом надиҳам. Мукофоти ман ин аст, ки метавонам ба шуғли дӯстдоштаам машғул бошам”,-изҳор дошт овозхон.

Ӯ афзуд, ки шояд ин ҳама суҳбатҳо атрофи зарурати додани унвону мукофотро сарфи назар мекард, агар ин кор ба шахси мавриди эҳтиромаш рабт намегирифт, чун хеле намехоҳад, ки ин нафар барои вай мавриди пурсишҳое қарор бигирад.

“Ман ходими давлатӣ нестам, тарҷумаи ҳоли эҷодӣ ва ҷоизаҳо надорам. Ҳеч собиқаи корӣ дар ниҳодҳои давлатӣ надорам. Аз рӯи ихтисос ман омӯзгори забон ва адабиёти рус мебошам ва бинобар ин суол ба Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон бепоя аст”, - тавзеҳ додааст Назаров.

Ӯ хоҳиш кардааст, ки ин масъала дигар бардошта нашаваду ангушти иттиҳом сӯи касе равона нагардад.

“Касеро гунаҳкор несозед. Суҳбатҳо дар мавриди он, ки нафаре барои унвон надоштанам гунаҳкор аст, комилан беасосанд. Рисолати ман наздиксозии бештари мардум аст, на эҷоди баҳсҳо атрофи номам. Мусиқӣ барои ҳар вуҷуди зинда сулҳу созандагӣ меорад. Ман аз рӯзи таваллудам хушбахтам, хушбахтам, ки муҳаббати мардумро дорам, ки худзой буду ҳар нафаре, ки маро ва ҷаҳони маро дӯст дошт, худаш инро интихоб кард. Бештар аз ин чизе даркор ҳам нест”, - таъкид кардааст овозхон.

Далер Назаров афзудааст, ки барои ӯ надоштани унвон беҳтар аст ва шарҳ дод, ки барои чӣ беунвонӣ хуб аст. 

“Хоҳиш мекунам, бовар кунед, барои худи ман бе ягон унвон беҳтар аст. Надоштани унвон маро  на танҳо аз чизе маҳрум намекунад, балки баръакс имкон медиҳад, ки ман фикри шахсӣ ва мустақили худро дошта бошам”, - изҳори боварӣ намудааст ӯ.  

Овозхон дар хитоб ба мухлисон илова намудааст, ки “маро ва нафарони дигар, дар ҳолати мазкур вазири фарҳанги Тоҷикистонро дар вазъи ноҳинҷор нагузоред. Ӯ нафаре нест, ки барои таваҷҷуҳи кам ба Далер Назаров мавриди интиқод қарор бигирад. Ӯ борҳо ба ман кумак намудаасту пешниҳодҳоямро дастгирӣ мекунад”.  

Ӯ гуфтааст, нияти ҳаводоронашро дарк мекунад, аммо баррасии масъалаи унвон боиси нороҳатияш мешавад.

“Қиматтарин чиз ин муҳаббати шумост ва агар ин масъала минбаъд низ баррасӣ шавад, ин ба он маънӣ хоҳад буд, ки чизе болотар аз муҳаббати шумо ҳам метавонад вуҷуд дошта бошад. Аммо барои ман ҳеч эътирофи дигари арзишмандтаре аз муҳаббати шумо вуҷуд надорад. Ба дарку боварии шумо умедворам”, - изҳор доштааст Далер Назаров ва дар охир ба ҳама хушбахтӣ таманно кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ