19:52 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Встреча министра культуры с послом Америки

Орумбекзода ба Поммершайм мусаввараи кундал тақдим кард

© Министерство культуры Таджикистана
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
62 0 0

Сафири навтаъини ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм аз ҷониби вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имрӯз, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сафири навтаъини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершаймро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, зимни сӯҳбат ҷонибҳо оид ба рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар аз он ҷумла: васеъ кардани доираи ҳамкориҳо дар соҳаҳои санъати театрӣ ва мусиқию рақс, ташкили чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ изҳори андеша намудаанд. 

"Дар интиҳои вохӯрӣ вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ба сафири  Иёлоти Муттаҳдаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусаввараи кундалро тақдим намуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки мулоқот дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт.

Пештар сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар саҳифааш дар Facebook наворе нашр кард, ки дар он сафари ин кишвар дар қурутобхонае дар Душанбе маззаи хӯроки миллии тоҷиконро мечашад.

Ёдрас мешавем, ки Ҷон Марк Поммершейм дар роҳбарии сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кевин Ковертро иваз кард.

Ҷон Марк Поммершейм дипломати касбӣ буда, соҳиби мақоми консул аст ва аз соли 1990 дар низоми сиёсати хориҷии Амрико кор мекунад. Ӯ ахиран муовини роҳбари намояндагии сафорати Амрико дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон буд.

Поммершейм қаблан дар консулгарии Амрико дар шаҳри Владивостоки Русия ва ҳамчунин дар 6 намояндагии дигари дипломатии кишвараш, аз ҷумла дар Чину Ҷопон фаъолият кардааст.

Барчаспҳо:
мулоқот, дидор, сафир, Шасиддин Орумбекзода, ИМА, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ